29 март 2023, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон тасдиқ гардид

792
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» ба тасвиб расид.

Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади фароҳам овардани имконоти муассир ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба тасвиб расидааст.

Тибқи қарори мазкур, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур муайян карда шудааст. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар доираи барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2019 – 2022-ро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузории онро таъмин менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво