29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Артиши миллӣ пуршукӯҳ таҷлил гардид

751
Дирӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ҷузъҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими Артиши миллиро ташкил медиҳад, бахшида ба 26 –умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори гвардия Бобоҷон Ҷамолзода собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳайати шахсиро табрик намуда, аз дастоварду муваффақиятҳои Артиши миллӣ ёдовар шуд.

Дар ин раванд мавсуф саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъсис ва такмили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муассир арзёбӣ намуд. Ҳамчунин зикр шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Гвардияи миллӣ давра ба давра такмил ёфта, ба ниҳоди неруманд ва сохтори бонуфузи қудратӣ табдил ёфтааст. Қисмҳои ҳарбии он дар гӯшаву канори Тоҷикистон ҷойгир буда, ҳайати шахсияш дар радифи дигар сохторҳои қудратии кишвар барои ҳифзу ҳимояи Ватан, таъмини амнияту таҳкими истиқлолият ва иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ содиқона хизмат менамоянд. Сафҳои онро ҷавонони ватандӯсту қавиирода, афсарони лаёқатманди касбӣ пурра гардонидаанд. Барои таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар идомаи ҳамоиш собиқадорони хизмати ҳарбӣ аз таърихи таъсиси Артиши миллӣ, зина ба зина такмил ёфтан ва дастоварду комёбиҳои он сухан карданд. Бо қаноатмандӣ ва ифтихор аз ҳаёти осоиштаву Тоҷикистони обод ҷавононро ба хизмати софдилона даъват намуда, таъкид карданд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити хуби таълиму тарбия ва хизмат дар сафҳои артишро муҳайё намуда, таъминот бо аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, амволу лавозимоти ҷангӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷавонони далеру ғаюр имкон доранд, ки дониш, маҳорати касбии хешро сайқал дода, ба нафъи Ватану миллат содиқона хизмат намоянд.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбии Гвардия барои нишондиҳандаҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорнома тақдим гардида, гурӯҳи дигар бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво