27 сентябр 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ

467
Дар қисми низомии 01-23-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад инчунин сарбозону афсарони қисмҳои низомии 01-21-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва 100-40-и Вазорати мудофиаи ҶТ, ки дар ноҳияи мазкур ҷойгиранд, ширкат варзиданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, қабл аз оғози ҷамъомади идона иштирокдорону меҳмонон, собиқадорони ҷангу меҳнат, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, гирандагони стипендияҳои президентӣ ва стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои ноҳия ва падару модарон бо шароити зисти афсарону сарбозон шинос гардиданд.

Сипас дар толори Маркази таълимии «Пойтахт» ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид. Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.

Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 26 соли таъсис баҳри ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва мудофиаи марзу буми кишвар дар давраҳои тақдирсози миллат барои соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Имрӯз он қобилияти таъмини Истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромию ҳаёти осоиштаро дошта, вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осудагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро менамояд.

Меҳмонону собиқадорон низ оид ба таҳкими сулҳу субот дар кишвар, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, ҷавононро ба ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳимояи Ватан — модар ҳидоят намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба ҳайати шахсии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла телевизорҳо ва сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

Ҳунарнамоии дастаи ҳунарии Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ» ба ҳамоиш шукӯҳи тоза бахшид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво