28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Боздиди муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншоот дар пойтахт

686
Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим якҷоя бо масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншооти саноатӣ, маҷмааи варзишию ҳавзи шиноварӣ ва теннис, ки дар шаҳри Душанбе бунёд мешаванд, дидан намуд.

Имрӯзҳо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи оби ошомидании «Сиёма» босуръат идома дошта, моҳи июни соли равон қисмати оби ошомиданӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 тонна/соат барои истифода омода мегардад. Ба истифода додани хати шароббарории ин корхона давоми соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва насбу васлкунии таҷҳизот дар комплекси варзишии теннису шиноварӣ низ бо маром идома доранд. Тибқи нақша, ба истифода додани ин маҷмаа моҳҳои июл-августи соли равон пешбинӣ гардидааст. Муовини Сарвазир аз ҷараёни корҳо изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар баробари суръат сифати корҳои сохтмонӣ низ бояд мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ бошанд.

Дар корхонаи муштараки ширкати «Авесто-групп» бо ширкати «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Соли равон ба истифода додани ду хатти истеҳсоли чангкашак ва яхдон ба нақша гирифта шудааст.

Дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «АКIA-AVESTO» оид ба васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои мусофиркаш, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд гардида истодааст, мутахассисони туркӣ ва маҳаллӣ дар якҷоягӣ фаъолият мекунанд. Мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида, айни замон фаъолияти корхона дар робита ба иҷрои фармоишҳои дохилӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати тавсеа бахшидан ба фаъолияти минбаъда паҳлуҳои дигари ҳамкорӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки автобуси аввал ҷамъу васл гардида, тибқи дастуре, ки Сарвари давлат дода буданд, дар яксолагии фаъолияти корхона барои мусофиркашонӣ дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе равона мегардад.

Ҳамчунин муовини Сарвазир аз минтақаи саноатии шаҳри Душанбе низ дидан намуд. Мушоҳидаҳо собит сохтанд, ки гарчанде корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи корхонаҳои бунёдшаванда асосан оғоз шуда бошанд ҳам, аммо на дар ҳамаи онҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудаанд. Вобаста ба ин муовини Сарвазир ба масъулини ширкатҳои сохтмонӣ дастур дод, ки ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ тақвият бахшида, ҷиҳати сари вақт ба истифода додани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини Сарвазир махсус зикр намуд, ки аксари маҳсулоти саноатие, ки истеҳсоли онҳо дар корхонаҳои саноатии дар ҳудуди пойтахт бунёдшаванда ба нақша гирифта шудаанд, маҳсулоти воридотивазкунанда мебошанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво