6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мактаб, оила ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас масъулияти баробар доранд

3404
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ва баъзе ҷиноятҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон аксаран аз бемасъулиятии падару модарон ва риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба амал меояд.

Корманди маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Чоршанбиев гуфт, ки бо мақсади риояи ҳамаҷонибаи қонуни мазкур, пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғон, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар толори муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ вохӯрии судманд доир гардид. Дар ҷамъомад роҳбарияти ШВКД-и шаҳри Хоруғ, кормандони шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД дар вилоят, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоят Фарзона Мастоншоева, роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи давлатии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ, ҳамчунин падару модарон иштирок намуданд.

Зимни суҳбат майори милитсия Мусаллам Давлатқадамов оид ба таълиму тарбияи наврасон зикр кард, ки волидайн ва мактабу маорифро мебояд ба ин масъала диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон иброз дошт, ки бо супориши роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ барои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии вилоят, алалхусус дар шаҳри Хоруғ пайваста вохӯрӣ ва корҳои пешгирикунанда баргузор мешаванд.

Муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ, майори милитсия Шаҳриёр Давлатзода изҳор намуд, ки баъзан аз беаҳамиятии волидон ва ҷомеа бархе аз ноболиғон ба оворагардӣ машғул гардида, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба кирдорҳои номатлуб даст мезананд. Иддае аз ҷавонон ҷои он ки наврасонро аз роҳи нодуруст баргардонанд, баръакс онҳоро ба кирдорҳои ношоиста тела медиҳанд.

Сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, подполковники милитсия Майсара Азизбекова бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро бори дигар ба хотири волидону омӯзгорон расонида, онҳоро даъват намуд, ки дар иҷрои ҳар банди ин қонун масъулияти бештар нишон диҳанд.

Директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ Шодигул Қонунзода барои ташкили чунин вохӯриҳо ба роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва таъмини амният дар вилоят миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки дар баробари омӯзгорон падару модарон низ дар таълиму тарбияи фарзандон бояд саҳмгузор бошанд. Онҳо бояд пайваста ахлоқу одоби фарзандони хешро аз роҳбарони синф пурсон шаванд. Зеро мактаб, оила ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас масъулияти баробар доранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво