24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РУШДИ ИННОВАТСИЯ ТАЛАБИ ЗАМОН

2647
Мафҳуми инноватсия ба маънои навоварӣ, навҷӯӣ ва кашфиёту ихтироот дар соҳаҳои техникиву технологӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, хизматрасонӣ ва ё идоракунӣ бо роҳҳои муосир буда, бо истифодаи тафаккури ташаккулёфта ва дастовардҳои илмии ба технологияҳои замонавӣ асосёфта, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ доранд, амалӣ гардонида мешавад.
Фаъолияти инноватсионӣ- фаъолияте мебошад, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои такмилдодашудаи таҳқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва дигар дастовардҳои илмию техникӣ алоқаманд мебошад.
Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёти миллӣ бо ворид намудани навоварию навҷӯиҳо, ҷустуҷӯҳо, кашфиёту ихтироот, натиҷаи таҳқиқоти илмӣ ва ё дастовардҳои илмиву техникӣ татбиқ мегардад.
Мутобиқ ба тақозои замони муосир дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади раванди амалӣ пайдо намудани мавзӯъҳои илмию таҳқиқотии соҳаи илму маориф, пайвасти илм ба истеҳсолот ва ташкили технологияҳои истеҳсолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ва Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 қабул гардиданд, ки инъикоскунандаи сиёсати пешгирифтаи инноватсионии Сарвари мамлакат дар ин самт мебошанд.
Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ки муҳлати барои иҷрои он ҷудошуда, аз ду як ҳиссааш тай шудааст, раванди фаъолияти инноватсиониро барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар муайян карда, татбиқи амалии онро раҳнамоӣ, танзим ва таъмин менамояд.
Нишонаи навҷӯиву навоварӣ, идеяву андешаҳои созанда ва кашфиёту ихтироот, ки далолаткунандаи паҳлуҳои гуногуни мафҳуми инноватсияанд, дар маҷмӯъ илме маҳсуб меёбанд, ки ба афкори инноватсионӣ асос ёфтаанд.
Ишора ба иҷрои чунин барномаҳо ва ҷалби аҳли ҷомеа ба рушди илм ва навҷӯиву навовариҳо, таъкиди Сарвари давлатро дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи он ки: «Бо вуҷуди дастовардҳои муайяни илмӣ, робитаи илм бо истеҳсолот, воридшавии инноватсия дар низоми илмӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушди илмҳое, ки бо иқтисодиёти кишвар робитаи бевосита доранд, ҳамчун масъалаҳои мубрами рӯз боқӣ мондаанд», пеши назар овардан, ба маврид аст.
Барои комёб шудан ба дастовардҳои муайяни илмӣ ва рушди илмҳое, ки метавонанд омили ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ бошанд, дар низоми илмӣ воридшавии раванди инноватсия, робитаи илм бо истеҳсолот ва ҷалби бештари аҳли ҷомеа ба фаъолияти инноватсионӣ талаби замони муосир аст. Дар давраи барои татбиқи Барномаи мазкур пешбинигардида, бояд як қатор нақшаҳои барномавӣ амалӣ гардонида шаванд. Аз қабили такмил ва баланд бардоштани тахассуси мутахассисон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ, таъсиси заминаи моддию техникӣ ва технологии фаъолияти инноватсионӣ (паркҳои илмию технологӣ, марказҳои инноватсионӣ, тиҷорат- инкубаторҳо, марказҳои иттилоотӣ ва маркетинг, марказҳои трансфераи технология ва амсоли инҳо), дар ҳамаи соҳаҳо таҳия ва қабул намудани барномаҳои рушди инноватсионӣ ва таъсиси фондҳои инноватсионӣ, ҷалби нерӯи илмӣ ва илмию техникии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба равандҳои инноватсионӣ, мутобиқ ба иқтисоди бозоргонӣ ба роҳ мондани фаъолияти паркҳои технологӣ, ҷорӣ намудани ихтисосҳои мувофиқ оид ба фаъолияти инноватсионии дар самтҳои барои иқтисодиёти миллӣ афзалиятдошта, ҷалби мутахассисони ҷавон, магистрантону аспирантон ва муҳаққиқон ба таҳияи рисолаҳои инноватсионии амалӣ ва муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионӣ дар ҳамаи соҳаҳо мебошанд.
Ҳамчунин, дар соҳаи илм ва маориф такмил додани низоми маблағгузории фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, мутамарказ гардонидани имтиёзҳо дар самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқот, коркард ва татбиқ намудани технологияҳои инноватсионии таълимию тарбиявӣ, фароҳам овардани шароит барои дастгирии ҳуқуқӣ ва ташкилии корхонаҳои хурди инноватсионӣ ва марказҳои инноватсионӣ, дастгирии рушди инфрасохторҳои инноватсионӣ (технопаркҳо, марказҳои инноватсионии технологӣ, комплексҳои инноватсионии саноатӣ, марказҳои литсензиядиҳӣ ва сертификатдиҳӣ, маркетинг), тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, такмил ва рушди заминаи ҳуқуқии илм ва фаъолияти инноватсионӣ бо дарназардошти ҳифзи моликияти зеҳнӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, ҷалби объектҳои моликияти зеҳнӣ ба гардиши иқтисодӣ, рушди шабакаи ягонаи телекоммуникатсионии соҳаи илм ва маориф ва татбиқи истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионию коммуникатсионӣ, қабули чораҳо оид ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ ва корҳои патентиву литсензионӣ ва бо назардошти сиёсати давлатии фаъолияти инноватсионӣ аз аттестатсия ва аккредитатсия гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ ҳадафҳои ниҳоии Барномаи рушди инноватсионӣ мебошанд.
Асри XXI- асри рушди бемайлони илму техника, асри ташаккули техникаву технологияи муосири замонавӣ, асри рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ буда, ҳар фарди бедордилу худогоҳро водор месозад, ки огоҳ ва ҳамқадами замон бошад. Пӯшида нест, ки кишварҳои абарқудрат маҳз тавассути ташаккули техникаву технологияҳои замонавӣ дар соҳаҳои гуногуни техникиву технологӣ, электронӣ, металлургӣ, энергетикӣ, тиббӣ, табиӣ-риёзӣ ва амсоли инҳо ба комёбиву пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд.
Соли 2010 бо ибтикори Сарвари давлат соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шуд, ки ҳадаф аз ин иқдом пеш аз ҳама тарғиби илмҳои дақиқ ва густариши донишу маърифати техникии шаҳрвандон ба шумор мерафт. Вобаста ба ин дар ин сол ва солҳои минбаъда ба рушди фарҳанги техникии аҳолӣ ва ҷомеа заминаи боэътимод гузошта шуд ва дар ин замина тадбирҳои зиёде низ ба нақша гирифта шуда, зина ба зина амалӣ шуда истодаанд. Фарҳанги техникӣ омили такондиҳандаи шуури аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти кишвар ба шумор рафта, замина ва нақшаҳои муайянеро барои рушди минбаъда гузошт.
Маълум аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, 93%-и ҳудуди онро кӯҳсорон ташкил медиҳад. Аксар қаторкӯҳҳо ва кӯҳҳои сар ба фалаккашида дар баробари тамоми сол барфпӯшу пиряхдароғӯш будан, асрори нуҳуфтаи зиёде низ доранд. Зиёда аз 8000 пиряхҳои хурду бузург, ки манбаи асосии муҳимтарин сарвати кишвар- обро ташкил дода (бузургтарини чунин пиряхҳо- пиряхи Федченко бо масоҳати 156 километри квадратӣ ва ҳаҷми 93,6 километри кубӣ), омили ҳастӣ ва пойдории наздики 2000 кӯлу обанборҳо (бузургтарини кӯл ва обанбори кишвар Қарокӯл бо масоҳати 380 километри квадратӣ) ва 974 дарёи ба масофаи беш аз 10 киллометр ҷоришаванда, ки дарозтарини чунин дарёҳо- дарёи Сир (2212 километр) ва Амударё (1415 километр) ба шумор мераванд, аз сарватҳои бебаҳои қаторкӯҳҳои кишвар маҳсуб меёбанд.
Ҳамчунин, сарватҳои табиии зиёди кишвар, аз қабили тақрибан 4000 кони хурду бузурги маъданҳои фулузии тилло, нуқра (Тоҷикистон аз лиҳози захираи нуқра дар ҷаҳон ҷойи саввумро ишғол менамояд!), мис, рӯҳ, сурб, молибден, волфрам, оҳан, уран, симоб, сурма, қалъагӣ ва маъданҳои ғайрифулузии алюмин, лаълу марворид, дурру марҷон, садафу ёқут, ақиқу гавҳар, алмосу мармар, графиту фосфат ва амсоли инҳо, ки аз ин ҳисоб то ба ҳол ҳудуди 400-тои он кашф шудааст, дороию боигарии кишвари маҳбубамон маҳсуб меёбанд.
Обҳои софу зулол, хуштамъ ва аз нигоҳи экологӣ ба инсон фоидаовари Тоҷикистон то ба ҳол ба таври зарурӣ мавриди истифодаи ҷомеаи кишвар ва бозори берунӣ қарор дода нашудаанд. Тавассути оби дарёву шохобҳо бунёд намудани нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург кишварамонро на танҳо аз бунбасти энергетикӣ раҳоӣ медиҳад, балки метавонад ба кишвари тавонои содиркунанда низ табдил диҳад.
Коркарду истихроҷи маводи фаровони сӯзишвории ангиштсанг (зиёда аз 4,5 миллиард тонна), нафт (140 миллион тонна), газ (857 миллиард метри мукааб), захираи намаки аълосифати ошӣ (зиёда аз 14 миллиард тонна) ва дар шакли маҳсулоти тайёри миллӣ ба бозори ҷаҳонӣ баровардан, дар маҷмӯъ метавонанд на ин ки сатҳи камбизоатиро дар кишвар коҳиш диҳанд, балки кишварро ба яке аз кишварҳои мутараққӣ табдил диҳанд.
Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои замонавии Барномаи рушди инноватсионӣ барои солҳои 2011-2020 ва ҷалби бештари аҳли ҷомеа ба равандҳои инноватсионӣ, ки муҳимтар аз ҳама ба ташаккули низоми миллии нерӯи зеҳнӣ замина ва шароитҳои мусоид фароҳам меоварад, мувофиқи мақсад мебуд, агар соли дар истиқболбуда ҳамчун соли рушди инноватсионӣ эълон мешуд. Зеро, замони мо замони дастовардҳои бузурги илмиву техникӣ ва кашфиёти нав ба нави тафаккури инсонӣ ва ташаккули моликияти зеҳнӣ мебошад. Дастовардҳои илмӣ ва маҳсули фаъолияти зеҳнӣ имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ бо нархи гарон хариду фурӯш мешаванд. То ҳол як қатор мушкилӣ ва монеагиҳое мавҷуданд, ки сади роҳи рушд ва интегратсияи минбаъдаи моликияти зеҳнӣ ба иқтисодиёти миллианд. Бинобар ин, рӯ овардан ба навҷӯиву навоварӣ, кашшофиву ихтироъкорӣ ва такмилу ҷалби тафаккур ба андешаҳои созанда ва бунёдгароёна, титҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ дар корхонаҳои хурду миёна ва муассисаҳои илмӣ-татқиқотӣ, ки то ҳол дар сатҳи паст қарор доранд, ҳадафҳои ниҳоии Барномаи рушди инноватсионӣ ба шумор мераванд ва албатта бо ҷонибдории чунин иқдом, зина ба зина амалӣ хоҳанд шуд.

Р. Сангов




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво