15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 50 корхонаи истеҳсолӣ ба кор дароварда мешаванд

574
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат то соли 2021 дар ҷойи муассисаҳои таълимии садамавӣ 15 адад мактабҳои замонавӣ бунёд мегарданд. Ҳамчунин вобаста ба саноатикунонии мамлакат то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 50 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Бино ба иттилои масъулини шаҳри Ваҳдат, дар доираи чорабиниҳо ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми се сол дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои он зиёда аз 500 иншооти гуногун бунёду навсозӣ мегарданд. Аз ин шумора давоми соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорон 8 адад хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгир кардани марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 4 истироҳатгоҳи оммавӣ, 2 ошхонаи миллӣ, як меҳмонхона, як маркази ҳунарҳои мардумӣ, як ҳаммоми замонавӣ, ду маркази дандонпизишкӣ, як маркази ташхиси тиббӣ-судӣ, як нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ дар минтақаи Ромит, як бинои иловагии қабули беморони асаби кӯдакона дар маркази ташхисию табобати “Шафқат”, 7 иншооти варзишӣ ва як анбори нигоҳдории картошкаи тухмӣ дар минтақаи Канаск мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар нишаст зикр шуд, ки соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 5521 ҷойи кор таъсис дода шуд, ки аз ин 71,7 фоизаш ҷойи кори доимӣ мебошанд. Бо бунёд гардидани зиёда аз 500 иншооти дигар то ҷашни Истиқлолият ҳазорҳо ҷойи кори доимӣ муҳайё мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво