6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба субъектҳои фаъолияти шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

816
№1/291 аз санаи 5 феврали соли 2019

Тавзеҳот ба фармоиши Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2019, №11/ф «Дар бораи танзими низоми нархгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бекор гардидани меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда».

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум менамояд, ки бо назардошти бекор шудани муҳлати татбиқи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда, ки 5 фоизро ташкил медод, аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дастурӣ аз 15 январи соли 2019, №590/13.2-«д» ба тасвиб расидааст. Мувофиқи мактуби дастурии мазкур андозсупорандагоне, ки то санаи 31 декабри соли 2018 бо меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ гардида, ҳуқуқи баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшударо надоштанд, аз санаи 1 январи соли 2019 ҳангоми таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) андоз аз арзиши иловашударо бо меъёри 18 фоиз ҳисоб намуда, ҳуқуқи баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашударо пайдо мекунанд.

Вобаста ба ин муқаррарот, фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2019, №11/ф «Дар бораи танзими низоми нархгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бекор гардидани меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда» ба тасвиб расидааст, ки тибқи банди 1-и фармоиши мазкур, аз санаи 1 январи соли 2019 дар харҷномаҳои корҳои сохтмонӣ андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 18 фоиз ҳисоб карда мешавад.

Бо мақсади дар амал дуруст татбиқ намудани марҳилаи гузариш фармоишгарон дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои сохтмонӣ уҳдадоранд дар санади қабули корҳои сохтмонии иншоотҳои гузаранда, ки харҷномаи онҳо дар соли 2018 тибқи расмиёти харид (озмун) бо назардошти меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда муайян карда шудаанд, нархи масолеҳҳои дар сохтмон истифодашавандаро бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ба инобат гирифта, андоз аз арзиши иловашударо бо меъёри 18 фоиз аз ҷамъи хароҷоти мустақим ва хароҷоти ғайр (сумма прямых затрат и прочие затраты) ҳисоб намоянд.

Намунаи таҳияи санади корҳои умумисохтмонии анҷомёфта бо мақсади ҳисоббаробаркунӣ байни фармоишгар ва пудратчӣ бо меъёри андоз аз арзиши иловашуда 18 фоиз, ки бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2019, №1601/91 ба мувофиқа расонида шудааст, замима мегардад.

Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво