29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нуктаҳои дар Паём зикргардидаро тадбиқ намоем

553
Нуктаҳои дар Паём зикргардидаро тадбиқ намоем
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2019-2020 санаи 1 феврали соли 2019 вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзод, сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойзод Хушбахт Раҳмдил ва сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Абдукарим инчунин кормандони дастгоҳи марказии Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, роҳбарон ва кормандони масъули корхона ва ташкилотҳои системаи Кумита ширкат намуданд.Нуктаҳои дар Паём зикргардидаро тадбиқ намоем
Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Абдуалимзода дар сухани ифтитоҳии худ зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешид. Бо ин мақсад бо фармоиши Раиси Кумита аз 8 январи соли 2019 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, тасдиқ гардида, баҳри амалӣ намудани он раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита вазифадор карда шуданд.
Инчунин, ҷиҳати омӯзиши Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи баргузории машғулиятҳо дар дастгоҳи марказӣ, корхона ва ташкилотҳои системаи Кумита тасдиқ гардида, омӯзиши Паём тибқи нақша ба роҳ монда шуд.Нуктаҳои дар Паём зикргардидаро тадбиқ намоем
Ҷараёни иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии роҳбарияти Кумита қарор дошта, аз натиҷаи иҷрои онҳо дар муҳлатҳои муайяншуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда мешавад.
А.Абдуҳалимзода афзуд, ки Кумита дар доираи салоҳиятҳои худ роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи онро таъмин намуда, ҷиҳати пешгирӣ, бартарафсозӣ, роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва татбиқи иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.
Ҳамзамон зикр намуд, ки маблағҳои ҷудогардида барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумита, аз ҷумла номгӯи таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ, таҳияи нақшаҳои генералӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ҳамасола дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба воситаи суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегарданд.Нуктаҳои дар Паём зикргардидаро тадбиқ намоем
Ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин таъмини назорати дурусти истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар Кумита Комиссия оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия таъсис дода шудааст.
Мутобиқи банди 60 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бо мақсади баланд бардоштани обрӯю эътибори хизмати давлатӣ дар ҷомеа, мустаҳкам намудани боварии мардум, пешгирӣ ва роҳ надодан ба зуҳуроти коррупсионӣ ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ Кодекси касбии соҳавии хизматчиёни давлатӣ ва Комиссия оид ба одоби хизматчиёни давлатии Кумита қабул ва таъсис дода шудааст.
Илова бар ин, бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди муқовимат ба коррупсия барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2019-2020 қабул карда шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати тадбиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсия), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2016, №465 тасдиқ шудааст, дар Кумита моҳҳои феврал-апрели соли 2018 таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) гузаронида шуд.
Аз натиҷаи таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) Ҳисобот ва Нақшаи мукаммал вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2018 – 2019 тартиб дода шуда, ба мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод манзур карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба иттилои А.Абдуалимзода аз ҷониби Кумита то ин давра аз 36 банди дар Нақшаи мукаммал пешбинишуда 17 банди он иҷро гардида, 19 банди боқимонда дар муҳлатҳои дар Нақша муайяншуда дар давоми соли 2019 ба иҷро расонида хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои судманд бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбанд ва Кумита баҳри татбиқи Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Сардори Раёсати 2 Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзод суҳбати худро аз бандҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат ба маҷлиси оғоз намуда, қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат се рӯйдоди барои мардуми тоҷик ниҳоят муҳим дар соли
Нуктаҳои дар Паём зикргардидаро тадбиқ намоем
гузашта махсус зикр гардидаанд. Ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ оғози татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва тавсеаи муносиботи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.
Дар Паём аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорӣ дар мамлакат «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ», инчунин саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми
Нуктаҳои дар Паём зикргардидаро тадбиқ намоем
стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Бо назардошти он ки Тоҷикистон кишвари кӯҳистон ва дорои имконияту захираҳои бои сайёҳӣ буда, қисмати бештари аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ менамоянд, Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Парлумон солҳои 2019-2021 –ро Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ҳадаф аз эълони ин солҳо баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва вазъи иҷтимоии мардуми деҳот, инчунин рушди сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ва муаррифии онҳо ба ҷаҳониён мебошад,- илова намуд Муқимӣ Нигора Аминзод. Ў ҳамчунин аҳли толорро даъват намуд, ки баҳри дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҷиҳати татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия ва омилҳои ба он мусоидакунанда, таъмини иштироки кормандон дар мубориза бо коррупсия тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Д.Нурзода,
“РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво