11 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Спитамен иншооти варзишӣ ва таълимӣ ба истифода дода шуданд

645
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Дар қатори дигар намояндагони ҷомеа соҳибкорони ноҳияи Спитамен низ бо ҳисси баланди ватандӯстона ва бо мақсади иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии ноҳияи худ саҳми арзанда мегузоранд.

17 январ дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен майдончаи варзишии бозии футболи хурд мавриди истифода қарор гирифт. Ёдовар мешавем, ки роҳбарии гурӯҳи кориро дар ноҳияи Спитамен Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода ба уҳда дорад.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими баистифодадиҳии иншооти варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирҷон Аминзода, Раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода ва дигар фаъолону сокинони ҷамоати Навкати ноҳияи Спитамен иштирок доштанд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019 Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021 ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, масоҳати он 882 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ин ҷамоат Муродҷон Самадов бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва мавҷудияти шароити зарурӣ ба сокинони Ҷамоати шаҳраки Навкат имкон фароҳам меоварад, ки ба варзиш машғул шуда, солимии худро нигоҳ доранд.

Худи ҳамон рӯз инчунин дар деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми баистифодадиҳии иншооти нави соҳаи маориф Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, устодону хонандагони муассисаи таълимӣ ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок доштанд.

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 бо харҷи 917 000 сомонӣ маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории фаъолону саховатмандон бунёд гардида, дар 11 синфхонаи нав хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҷойгир карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Спитамен 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 26 610 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Имрӯзҳо дар ноҳия сохтмону бунёди ду мактаби замонавӣ қариб бо 2 000 ҷойи нишаст идома дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво