29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат дар шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода

550
Бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар шаҳри Турсунзода вохӯриҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шарипов бо аҳолии шаҳр баргузор гардиданд.
   Шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат дар шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода
Маҳмадалӣ Ватанзода Паёми Президенти мамлакатро мавриди шарҳ қарор дода, таъкид дошт, ки «дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар арзёбӣ гардидааст. Он ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакатро муайян менамояд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ҳар яки моро восозад, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат кӯшиши ба харҷ диҳем».

Зикр гардид, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат ҳамчунин масъулияти занонро беш аз пеш боло бурдааст. Аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат ба модарону бонувони кишвар таъкид гардид, ки дар риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъол гарданд. Ҳамзамон модаронро мебояд, ки фарзандонро дар рӯҳияи илмомӯзиву ватанпарастӣ, хизмати содиқона ба Ватан, сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, риояи расму ойин, анъанаву суннатҳо, фарҳанги миллӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузоранд.

Ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳи корӣ зимни вохӯрӣ бо кормандони КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» Паёми навбатӣ мавриди тавзеҳ қарор гирифт. Аз роҳбарият ва кормандони корхонаи алюминии тоҷик даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми Хукумати мамлакат–саноатикунонии мамлакат аз тамоми шароит истифода бурда, дар татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат тадбирҳои зарурӣ андешанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво