29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Паём – дастур ва роҳнамои ояндасоз» — таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид

488
Бо мақсади омӯзиш ва натиҷагирӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардида буд, 11 январ миёни кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони «Паём – дастур ва роҳнамои ояндасоз» ҷаласаи васеъ баргузор шуд.

Тавре сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов хабар дод, дар ҷаласа директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамо ва дастури амиқу дақиқ барои фаъолияти ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон нақши муҳим мебозад.

Ҳамчунин дар ҷаласа сардорони шуъбаҳо ва дигар ходимони илмии Осорхона андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта, таъкид намуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои асосии Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд.

Дар ҷаласа директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба муовинон ва сардорони шуъбаҳо баҳри ташкил ва баргузор намудани намоишҳои муваққатӣ аз фонди Осорхона, ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба тамошои осорхона ва ба ин васила бедор намудани ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҷавонон, инчунин дар самти таҳияи нақшаҳои чорабиниҳо супоришҳои мушаххас дод.

Дар охир аҳли кормандони Осорхона филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ»-ро, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, якҷоя тамошо намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво