12 ноябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлатдории навини тоҷикон

3355
Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлатдории навини тоҷикон Аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хурсанд гардида, ҷонибдории худро изҳор намуданд.

Бо ин мақсад рӯзи 18-уми декабр дар толори Кумита бо иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. ва роҳбарону кормандони зерсохтори Кумита ҷаласа доир гардид.

Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. дар маърӯзаи худ ғамхориву дастгириҳои хирадмандонаи Роҳбари давлатро дар рушду нумуи кишвар баён намуда, аз ҷумла чунин гуфт:
- Барои мардуми Тоҷикистон пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама на як банди қонун ё як унвони ҳуқуқӣ, балки як масъалаи муҳими сиёсӣ, ояндаи миллат ва манфиати тамоми Тоҷикистониён мебошад ва он якчанд паҳлӯҳои худро дорад. Ҳадаф аз ин, пеш аз ҳама изҳори арзи сипоси мардуми кишвар ба сарварамон барои иҷрои вазифаи таърихии худ, ифодаи ҷой ва нақши он кас дар таърихи навини давлати тоҷикон мебошад. Иловатан, Тоҷикистон имрӯз дар оғози марҳилаи нав – хеле муҳим, ҳассос, тақдирсоз, ҳалкунанда ва шояд тӯлонӣ қарор дорад. Идома ёфтани низоъҳои геосиёсӣ, таҳдидҳои нави замонавӣ, зиёдшавии хавфҳои террористию экстремистӣ боиси ноустувор гардидани вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон гардида, пеш аз ҳама ба суръати рушди кишварҳои рӯ ба инкишоф таъсири манфӣ расонида, онро заиф гардониданд. Эҳтимолияти бартараф гардидани онҳо шубҳанок буда, хатари боз ҳам шиддатнок шудани онҳо мавҷуд аст.

Ҳодисаҳои солҳои 90-ум нишон доданд, ки давлат ва миллат бояд шахси дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшуда, пешвои худро дошта бошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» маҳз чунин амал дар ин самт мебошад. Хело рамзист, ки дар қатори муаллифони қонун намояндагони аксарияти миллати ватанамон ва ҳизбҳои сиёсии мамлакат буда, он дар асоси таклифу пешниҳодҳои мардуми кишвар амалӣ карда шудааст.

Имрӯз сарвари давлат дар ҳақиқат пешвои миллат ҳастанд ва ин воқеияти таърихӣ буда, мавзӯи баҳс ва савол нест. Масъалаи пешвои миллат будани Президенти мамлакатамон худ аз худ, сунъӣ ба миён наомадааст. Ин маҳсули натиҷаи меҳнати ҳалоли он кас барои давлатамон, миллатамон, ки мо худ ба он шоҳид будем ва инчунин эътирофи софдилонаи тамоми мардум аст. Яъне чунин нест, ки Эмомалӣ Раҳмон фақат пас аз қабули ин қонун пешвои миллат мешаванд, балки ин воқеият аллакай ҷорист ва мардум ин мақоми таърихии ӯро пазируфтаанд.

Албатта, комёбиҳои миллатамон, давлатамон зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон бисёр зиёданд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои ин марҳила кофист то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари он чи гуна мушкилиҳоро паси сар карданд ва ба кадом дастовардҳо ноил гаштанд.

Пеш аз ҳама Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте сарвар гардиданд, ки хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эмин доштани миллат аз парокандагию бадбахтӣ вазифаи аввалиндараҷа буданд. Дуюм он аст, ки тавонистанд тамомияти арзии Тоҷикистонро таъмин намоянд. Дар он солҳо ба ҳамаи шумоён маълум аст, ки хатари парокандагӣ ва нестшавии давлати нави соҳибистиқлол ҳам вуҷуд дошт. Хушбахтона бо шарофати ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон ин хатар бартараф гардид.

Сеюм он аст, ки маҳз бо талошҳои ҳамарӯзаи Эмомалӣ Раҳмон низоми давлатдории кишвар, ки фалаҷу заиф гардида буд, аз нав эҳё карда шуд. Дар ин рӯзҳо на фақат дар марказ, балки дар маҳалҳо ҳокимиятӣ вуҷуд надошт, гурӯҳҳои ҷинояткор роҳбарӣ мекарданд. Тайи ин солҳо Тоҷикистон соҳиби сохтори мукаммали идорӣ, ҳукумати коршоям, парлумони касбӣ, Артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти қудратию амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худ гашт. Дастовард ё қадами устувори чоруми Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қавии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расид. Барои расидан ба ин ҳадафи муқаддас роҳбарияти давлат тавонист, ҳудуди як миллион гурезаро ба хонаҳояшон баргардонад, даҳҳо ҳазор манзили вайроншударо барқарор созад, ҳазорҳо макони ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои истифодаи умумӣ, мисли мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, корхонаю муассисаҳоро эҳё ва барқарор созад.

Воқеъан давлати соҳибистиқлоли мо сол то сол ба пешрафтҳои мунтазами иқтисодӣ ноил шуда, пойдорӣ ва самарабахшии иқтисоди бозориро дар фаъолияти табақаҳои гуногуни ҷомеа собит месозад. Мо бо мақсади таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, пеш аз ҳама истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани Тоҷикистон ба ҳаллу фасли як қатор тадбирҳои муҳим, аз ҷумла эҳёи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ, сохтмон ва нақбҳои мошингард муяссар гардидем.

Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлатдории навини тоҷикон Аз ҷумла, бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар-нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтӯда-2, Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе, нерӯгоҳҳои хурду миёна дар дарёҳои Вахш ва Зарафшон, таҷдиди силсиланерӯгоҳҳои дарёҳои Варзоб ва Вахш, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Норак, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанак, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Саритош, Душанбе-Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент, нақбҳои мошингузари «Истиқлол», «Озодӣ», Шаҳристон, Чормағзак, китобхонаи миллӣ, осорхонаи миллӣ, маҷмааи «Кохи Наврӯз», бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, Нишону Парчами давлатӣ барои мардуми кишвар дар пешравӣ, ташаккул ва худшиносии миллӣ аҳамияти бузурги таърихӣ дорад.

Дар пойтахти Тоҷикистони азизамон-шаҳри Душанбе сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншоотҳои иҷтимоию фарҳангӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар муддати на чандон тӯлонӣ намуди пойтахтамон дигаргун, зебо ва боҳашамат гардид.

Бунёд гардидани бинову иншоотҳои маъмурӣ, фарҳангиву маданӣ, маишиву хизматрасонӣ, варзишгоҳҳои замонавӣ дар шаҳрҳои Кӯлобу Хуҷанд, Турсунзодаву Данғара, Хоруғу Роштқалъа ва Ванҷ, боғу гулгаштҳои хуштарҳи замонавӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Данғара, қомат афрӯхтани биноҳои истиқоматии баландошёнаи бо санъати муосири меъморӣ ҷавобгӯй дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гувоҳи он аст, ки рӯз аз рӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гулгулшукуфон шуда, шароити зиндагӣ ва фаъолияти мардум беҳтар гашта истодааст.

Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлатдории навини тоҷикон Қабули Қонуни «Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ин на фақат аз лиҳози ҳуқуқӣ эътироф намудан, балки аз ҷиҳати сиёсӣ тасдиқ кардани давомоти сиёсати пешгирифта, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Пас, институти Пешвои миллат ҳамчун кафили сулҳу амнияти давлат як зарурати ҷиддист ва воқеист, яъне ба будани мақоми устувор ва меҳварие чун Пешвои миллат пеш аз ҳама на Эмомалӣ Раҳмон, балки халқи мо, давлатдории мо ниёз дорад.

Имрӯз халқи тоҷик аз хамин хоки ватан ҷаҳони нав бунёд карда истодааст. Роҳнамои мо дар ин самт президенти мамлакат ҳастанд. Мардум ба сарварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши давлат, муттаҳидкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат ва зиндагии осоишта, эҳёгари худшиносии миллӣ ва меъмори давлатдории навини тоҷикон менигарад ва эътироф намудааст. Боварӣ дорам ин иқдом имконият медиҳад минбаъд миллати кӯҳанбунёди тоҷик, миллате, ки тӯли қарнҳо мушкилоти дунёро ҳал менамуд дар атрофи пешвои миллат боз ҳам муттаҳид гашта, ҳушёрию зиракиро аз даст надода, бо дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланд мушкилотҳоро паси сар мекунад ва ба оилаи давлатҳои мутараққӣ шомил мешавад.

Ҳамаи роҳбарон ва кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои арзандаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш намекунанд ва аз ин ҳодисаи фараҳбахши сиёсӣ – қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» хеле хурсанд буда, онро аз дилу ҷон ҷонибдорӣ менамоянд.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво