26 июн 2019, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Намояндаи Тоҷикистон раҳбари сохтори зиддитеррористии СҲШ таъйин гардид

105
Ҷумъахон Ғиёсов шурӯъ аз 1 январ раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда гирифт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1 январ бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза бо терроризми ин созмон, ки қароргоҳаш дар Тошканд аст, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов таъйин гардидааст.

Ғиёсов солҳои 2017-2018 дар вазифаи муовини Раиси кумитаи иҷроияи ин сохтор кор карда, пеш аз он дар КДАМ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ соли 2004 таъсис шуда, дар шаҳри Тошканд амал мекунад. Давоми ду соли гузашта раҳбарии ин сохторро намояндаи Россия Евгений Сисоев ба ӯҳда дошт.

Шурӯъ аз 1 январи соли 2019 бар асоси қарори шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ ба вазифаи Дабири кулли ин созмон намояндаи Ӯзбекистон Владимир Норов таъин шуд. Норов дар гузашта раиси Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегии назди Президенти Ӯзбекистон ва Вазири корҳои хориҷии ин кишвар кор кардааст. Норов дар ин мақом намояндаи Тоҷикистон Рашид Олимовро иваз кард.

Хотиррасон менамоем, ки алҳол Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво