28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар маркази ноҳияи Рӯшон маркази савдо мавриди истифода қарор гирифт

582
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Дар доираи тадбирҳои нақшавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рӯшон-шаҳраки Вомар маркази савдои дуошёна мавриди истифода қарор гирифт.

Маркази савдо аз ҷониби соҳибкор Гулбоз Зинатшоев дар шафати роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ қомат афрохт. Дар ошёнаи дуюм барои меҳмонон ва сайёҳон қаҳвахонаи «Боми ҷаҳон» ифтитоҳ гардид.

Ба гуфтаи соҳибкор Гулбоз Зинатшоев, чунин шароит барои пазироии ҷаҳонгардони хориҷӣ мувофиқ буда, ба сокинони маркази ноҳия имкон медиҳад, ки аз он маводи ғизоӣ ва маҳсулоти тоза дастрас намоянд.

Соҳибкор ният дорад, ки дар ояндаи наздик дар маркази савдо гӯшаи фурӯши намунаи ҳунарҳои мардумиро низ ташкил намояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво