19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба истифода дода шуд

663
Бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов дар арафаи Рӯзи кормандони амнияти миллӣ бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматӣ соли 2017 оғоз гардида, дар муддати 1 сол пурра ба анҷом расонида шуданд.

Лоиҳаи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабр-Аф» ба анҷом расонида шудаанд.

Имрӯз беҳсозии шароити хизматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансурро туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи кормандони амнияти миллӣ барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат арзёбӣ кард.

Бинои мазкур аз 4 ошёна, аз ҷумла, 8 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ, анбор, ҳаммом, толори варзишӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Фармоишгари иншоот Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинои нав бо маблағи зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Ҳамзамон дар иншооти мазкур низоми гармидиҳии дохилӣ пурра васлу насб гардидааст. Ҳудуд ва атрофи бино тибқи меъёрҳои амниятӣ бо деворҳои муҳофизатӣ иҳота гардида, дар он низоми камераҳои мушоҳидавӣ, огоҳкунӣ аз сӯхтор ва алоқаи шаҳрӣ насб шудаанд.

Ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва гулу буттаҳо атрофи иншоотро зебову назаррабо намудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво