Ифтитоҳи маркази иттилоотии энергиясамаранокӣ дар ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ»
1111
Бо мақсади самаранок истифода бурдани хизматрасонии энергетикӣ ва дастгирӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи нерӯ дар КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази иттилоотии энергиясамаранокӣ таъсис дода шуд.
Бад-ин хотир рӯзи 8-уми декабр бо иштироки кормандони Кумитаи меъморва сохтмон, лоиҳакашону пудратчиён ва намояндагони ташкилоти байналмиллалии Герес дар КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ» машварат доир гардид. Ҷумъа Зокир-муовини директор оид ба илми КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ» бо сухани ифтитоҳӣ меҳмононро хайра мақдам гуфта, ташкили чунин марказро дар корхона фоли нек арзёбӣ намуд. Сипас, ҷаноби Арман Блондо-директори ташкилоти байналмиллалии Герес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маркази иттилоотии энергиясамаранокӣ ва аҳамияти он дар ҷомеа барои нишастагон маълумот дод. Маркази иттилоотии энергиясамаранокӣ бо дастгирии ташкилоти байналмиллалии Герес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст. Герес- гурӯҳ оид ба ҳифзи муҳити зист, манбаъҳои барқароршавандаи неру ва ҳамраъйӣ - ташкилоти ғайридавлатии фаронсавӣ буда, дар соли 1976 баъд аз бӯҳрони якуми нафтӣ барпо гардидааст. Муҳити атроф, паст кардани ивазшавии иқлим, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми камбизоат - фаъолияти асосии Герес мебошад. Кормандони Герес бо ҳамкории тарафҳои ҳавасманд ва ҷамъиятҳо барои рушд ва таъмин намудани таҷрибаи муайяни техникӣ ҷалб карда шудаанд. Фаъолияти Герес аз гузаронидани лоиҳаҳои сарфаҷӯии неру, таъмин намудани хизматрасонии энергетикӣ барои рушди иқтисоди маҳаллӣ, дастгирӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи неру ва пеш бурдани роҳбарии истифодаи партовҳо мебошад. Имрӯз, беш аз 238 нафар кормандони Герес аз рӯи 71 лоиҳаҳои рушди инноватсионӣ ва устувор дар Фаронса ва дар 14 кишварҳои рӯ ба тараққӣ кор мекунанд. Гарчанд иқлими Фаронсаву Тоҷикистон мухталиф бошад ҳам, консепсияи марказ барои шароити Тоҷикистон зарур аст, гуфт ҷаноби Герман. Ин масъала дар барномаи СММ мавриди муҳокима қарор гирифт, ки дар 4 шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон бояд маркази иттилоотии энергиясамаранокӣ ташкил дода шавад ва соли 2014 Конвенсия оид ба нақшагирии шаҳрсозӣ ва энергиясамаранокӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар охир ҳозирин саволҳои худро оид ба фаъолияти ташкилоти мазкур ва самаранок истифода бурдани энергия дар иқлими Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз ҷониби масъулин посухи амиқ гирифтанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |