28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар маркази Душанбе арчаи асосии солинавии мамлакат бо 12 ҳазор бозича ва муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода мешавад

1239
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт, дар паҳлӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ бо баландии 27 метр ва паҳноии 14 метр устувор карда мешавад. Дар назар аст, ки то 10 декабр ороиши пурраи он ба анҷом расад. Айни ҳол кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ба оро додани ин арчаи идона машғул ҳастанд.

Тавре муовини директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» Шарофиддин Талабов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, арчаи солинавӣ бо 12 ҳазор бозичаҳо ва муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, дар он чароғакҳои светоидӣ бо 4 ранг насб мегарданд. Ин арчаи идона аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ фарқ хоҳад кард. Як фарқияти арчаи идонаи имсола дар баландӣ ва паҳноии он аст. Арчаи нав аз арчаи соли гузашта бо 2 метр дар баландиву паҳноӣ фарқ дорад. Фарқияти дигари арчаи солинавӣ боз дар он аст, ки он дар паҳлӯи саҳнаи барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ҷойгир аст. Дар ҷойи арчаи соли пешин имсол макетҳои ороишӣ, аз ҷумла, туҳфаҳо ва дигар бозичаҳои солинавӣ ҷойгир карда мешаванд.

Дар маркази Душанбе арчаи асосии солинавии мамлакат бо 12 ҳазор бозича ва муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода мешавад

Ҳамчунин дар даромадгоҳи Боғи «Устод Рӯдакӣ» барои аксбардории сокинону меҳмонони пойтахт навиштаҷоти калони «СОЛИ 2019» бо чароғакҳои светоидӣ насб мегардад.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки барои бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ дар дигар гӯшаву канори пойтахт, аз ҷумла, дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе — Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва майдони паҳлӯи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон арчаҳои идона гузошта мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади таҷлили Соли нави мелодии 2019 дар пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.

Санъаткорону ҳунармандон бо суруду таронаҳои нав баромад намуда, баъди анҷоми ин барномаи фароғатӣ, баробари фарорасии соли нав мушакпаронӣ ҳам дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки ҷашни Соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон онро таҷлил менамоянд. Он аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум –Юлий Сезар якуми январро ҳамчун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд.

Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад. Шурӯъ аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ то ҳоло якуми январ ҳамчун оғози соли нави мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво