19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Роғун – иқтидори миллӣ. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

659
Басо рамзист, ки мо имрӯз дар остонаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Он имсол ба рӯзи ба фаъолият оғоз намудани агрегати аввали НБО «Роғун» рост меояд. Ва ин беҳуда нест, зеро маҳз талошҳои байналмилалӣ ва натиҷаи дипломатияи оби Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ин иншооти муҳими стратегии мамлакат бунёд мегардад. Ин рӯз дар саҳифаи давлатдории миллии муосири халқи тоҷик чун рӯйдоди муҳим бо хати заррин навишта мешавад.

Аз ин рӯ бисёр ба маврид аст, ки дар ин рӯзи фархунда аз фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шавем.

Истиқлолияти энергетикӣ яке аз се ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ инҷониб таҳти таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор дорад.

Дар Паёми солонаи худ ба мақомоти қонунгузори мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «…тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад».

Мусаллам аст, ки захираҳои обӣ-энергетикӣ дар шароити имрӯза ба ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири зиёд мерасонанд. Онҳо асоси иқтисодиёти ҳар кишвар ба шумор рафта, шароити иҷтимоии рӯзгори одамонро муайян мекунанд ва мустақиман ё ғайримустақим ба муҳити атроф таъсири худро мегузоранд.

Мавҷудияти захираҳои азими энергетикӣ ҳанӯз аз солҳои 20 – 30-юми асри гузашта мавриди омӯзишу тадқиқот қарор гирифта буд.

Иқтидори умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд кВт/соат-ро дар як сол ташкил медиҳад, ки нисбат ба талаботи ҳозираи кишварҳои Осиёи Миёна 3 маротиба зиёд мебошад. Хусусияти муҳими гидроэнергетика дар он аст, ки он энергияи потенсиалии обро истифода намуда, худи онро ҳамчун захираи масрафшаванда истеъмол намекунад. Ин амал ба ҳаҷм ва сифати табиии об таъсир намерасонад. Ҳамасола ҳудуди 30-35 км3 об тавассути неругоҳҳои барқии обии кишвар гузашта, дар маҷмӯъ 16-17 млрд. кВт/соат неруи барқ истеҳсол карда мешавад, ки ба 3-4%-и иқтидори умумӣ баробар мебошад. Дар мавриди истифодаи самараноки ин захираҳо минтақаро бо неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин кардан мумкин аст.

Вале ин имконият ё иқтидори калони гироэнергетикӣ то замони истиқлолияти давлатӣ васеъ истифода карда нашуд ва дар ду даҳсолаи аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат камчинии неруи барқ дида мешуд.

Баъди барқарор шудани ҳукумати конститутсионӣ зери сиёсати дурандешонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди низоми энергетикӣ дар мамлакат ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва шарикони рушд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд. Дар ҷумҳурӣ иқтидорҳои нави истеҳсолӣ сол то сол афзуда, ба истифода дода мешуданд, ки тавоноии онҳо ба 1300 МВт мерасид ва ин дар навбати худ дастоварди назарраси кишвар мебошад.

Муҳимтарини он мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670 МВт), «Сангтӯда-2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 (400 МВт), «Помир-1» ва неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВт «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВт дар НБО-и Норак», зеристгоҳҳои барқии 220 кВт «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВт дар НБО-и Норак», хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд–Айнӣ» ва «Қайроққум-Ашт» ба шумор мераванд.

Марҳалаи муҳим дар таърихи истиқлолияти энергетикӣ оғози фаъолияти агрегати аввали Неругоҳи барқи обии Роғун ва оғози бунёди хати баландшиддати CASA-100 мебошад.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» натиҷаи талошҳои байналмилалӣ ва дипломатияи оби Пешвои миллат мебошад. Пешвои миллат Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро иншооти стратегӣ барои бақои давлат номидаанд. Ин неругоҳ дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 агрегат иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди Неругоҳи барқии оби «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди гиливу сангӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард кВт/с дар як сол) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, ба инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшида шавад.

Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат зикр намуданд, ки «барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони НБО «Роғун» дар давраи истиқлолият то оғози сарбанд зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидаанд».

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соҳаи энергетикаи мамлакат консепсияи нав таҳия шудааст, ки натиҷаи амалишавии он чунин нишон дода шудааст:

Рушди соҳаи электроэнергетика аз рӯи консепсияи 10/10/10/10 таъмин карда мешавад, аз ҷумла:

1) иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи кишвар ба 10 гВт расонида мешавад;

2) содироти солонаи неруи барқ ба кишварҳои минтақа ба 10 млрд. кВт. соат расонида мешавад;

3) диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳаҷми на камтар аз 10% таъмин карда мешавад;

4) талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ то 10% паст карда мешавад.

Ҳамин тариқ, фаъолият ва дастовардҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи истиқлолияти энергетикии кишвар хеле назаррасанд. Аз ҷумла:

Ба кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон. Яъне бунёди шабакаи ягонаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Таҷдиди иқтидорҳои мавҷудаи мамлакат;
Бунёди маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 2”;
Амалишавии иқтидори бузурги кишвар- НБО “Роғун”;
Оғози бунёди хати баландшидати CASA-100.
Яъне дар ояндаи наздик кишвари мо ба яке аз давлатҳои калонтарини содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил меёбад. Ва ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил ёбад.

Амид КОМИЛБЕКОВ,
устоди Донишкадаи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво