29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди НБО «Роғун» ормони миллати тоҷик аст, ки Пешвои муаззам амалӣ менамоянд

1359
Ба Рӯзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО «Роғун» басо рамзист. Зеро сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва инак дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.

Пас аз чанд рӯз миллати тоҷик ва тавассути инъикоси намояндагони ВАО тамоми ҷаҳон шоҳиди ҳодисаи таърихӣ – ба истифода додани аввалин агрегати НБО-и «Роғун» хоҳанд шуд. Сохтмони ин иншооти барои Тоҷикистон ва минтақа муҳими гидроэнергетикӣ ҳанӯз асри гузашта, солҳои 1930 ба нақша гирифта шуда буд. Аммо танҳо соли 1960 корҳои омӯзишии он оғоз гардида, соли 1976 бунёдаш оғоз шуд. Он замон хуб дарк мекарданд, ки бунёди НБО-и «Роғун» ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ манфиатовар аст. Зеро иқтидори НБО-и «Роғун» пас аз анҷоми сохтмон 3600 мегаваттро ташкил хоҳад дод ва дарғоти баландтарин дар дунё бо баландии 335 метр обанбореро ба вуҷуд хоҳад овард, ки 13,3 километри мукаабро фаро мегирад. НБО-и «Роғун» солона 17,7 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол хоҳад кард.

Лекин пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ бо сабабҳои маълум бунёди ин сохтмон қатъ гардид. Вазъи ноороми ҷумҳурӣ имкон намедод, ки бунёди неругоҳ идома ёбад. Аммо ба бахти миллати тоҷик ва бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷумҳурӣ сулҳу ваҳдат ҳукмрон гардид ва баъд бунёди НБО-и «Роғун» аз сар гирифта шуд. Аз рӯзи аввали оғози давлатдории навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тараққиёти давлати миллӣ се ҳадафи стратегии фаъолият барои ҳукумат ва аҳли кишварро муқаррар намуданд: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ. Дар ин замина бунёди НБО-и «Роғун» аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумат ва давлати Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Зеро НБО «Роғун» орзуву омоли халқи тоҷик буд, ки бунёди онро тамоми халқи тоҷик дар дил мепарварид.

Бояд эътироф кард, ки оғози солҳои 2000 кам нафароне ёфт мешуданд, ки ба бунёди НБО-и «Роғун» эътимод дошта бошанд. Аммо Сарвари давлати тоҷикон, мисли ҳамеша ба ваъдаи худ содиқ ва устувор буданд ва новобаста ба вазъи мураккаби замон ба бунёди НБО-и «Роғун» оғоз бахшиданд. Ин амал, пеш аз ҳама, аз матонату устуворӣ ва садоқату меҳнатдӯстии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар карда шудаанд.

Баъд аз бунёди НБО-и «Роғун» истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон як баробар афзуда, на танҳо талаботи аҳолӣ қонеъ гардонида мешавад, балки барои фурӯши зиёдатии он ба хориҷ аз кишвар низ имконият пайдо мегардад. Инчунин бунёди НБО-и «Роғун» танзими бисёрсолаи маҷрои обро дар тамоми ҳавзаи обрави Амударё таъмин мекунад. Зиёда аз ин имконият ва кафолат медиҳад, ки беш аз 3 миллион гектар замин дар солҳои камобиву хушксолӣ обёрӣ шаванд. Ин обанбор ба кишварҳои зероб ҳам барои обёрии заминҳои мавҷуда ва ҳам барои шодоб кардани заминҳои навкорам шароит муҳайё месозад. Яъне сохтмони «Роғун» ҷавобгӯи талаботи миллии ҳам Тоҷикистон ва ҳам тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.

Дар марҳилаҳои сохтмони неругоҳ Сарвари давлат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни сохтмон дидан карда, бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Ҳар сафари Пешвои миллат ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор такони ҷиддӣ мебахшад. 29 октябри соли 2016 мо бо чашми сар дидем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер аз соати 10-и субҳ то 11:30 бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди «НБО Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба татбиқи сифатноки корҳо, ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисону сохтмончиёни ин қитъаи сохтмонӣ таваҷҷуҳ намуда, масъулинро ба иҷрои бетамдиди ҷадвали корӣ ҳидоят мекарданд. Маҳз роҳнамоӣ ва пуштибонии Сарвари давлат буд, ки имрӯз мо дар арафаи ба истифода додани агрегати аввалини НБО-и «Роғун» қарор дорем. 16 ноябри соли равон агрегати якуми НБО-и «Роғун» ба истифода дода мешавад ва нури Роғун дастраси ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад.

Бунёди НБО-и «Роғун» имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ворид шавад. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба «Роғун» аст».

Бунёди НБО «Роғун» — ин амалӣ шудани орзуи мардуми тоҷик аст. Ормони муқаддасе, ки ба хотири ояндаи дурахшони ин миллати куҳанбунёд имрӯз Пешвои муаззам онро амалӣ менамоянд.

Султон БЕГМУРОДЗОДА,
сардори Хадамоти назорати
давлатии тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво