6 июл 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфт

916
Субҳи имрӯз бо роҳбарии муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим барои бартараф сохтани оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилояти Бадахшон комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Ба комиссияи мазкур роҳбарони аввали вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои масъул шомиланд.
Тибқи маълумоти то ин дам расида, бар асари заминларзаи 7 декабр беш аз 500 хона вайрон шуда, даҳҳо тан ҷароҳат бардоштаанд. Мутаасcифона, талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки бар асари ин заминларза аз ҳама бештар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон хисорот дидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи мазкур, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва роҳбарони дигар вазорату идораҳо дастур дод, ки ҳарчи зудтар аҳолии бесарпаноҳмондаро бо ҷойҳои зисти муваққатӣ, сарулибоси гарм, хӯрока ва дигар лавозимоту шароити зарурӣ таъмин карда, барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид чораҳои таъхирнопазир андешанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво