28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ – РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ин санади муҳим, таърихӣ ва сарнавиштсоз таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат таҳия ва қабул шудааст

946
Имрӯз дар саросари мамлакат Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. 24 сол қабл аз ин, 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тақозои пешрафти замон, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ, таъмини рушди босуботи ҷомеа, мусоидат намудан ба тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Бо гузашти 24 сол аз он рӯйдоди таърихӣ Конститутсия ҳамчун санади роҳнамо ва пойдевори ҳуқуқӣ ҷиҳати бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши шоиста гузоштааст. Маҳз ба воситаи Конститутсия манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ ҳимоя гардида, дар заминаи он қонунҳои нави миллӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ баҳои баланд дода, изҳор кардаанд: «Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Маҳз дар асоси талаботи меъёрҳои Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои муҳиме, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд, қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ифодаи раванди солими ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди пешрафти ҷомеаро таъмин мекунанд».

Месазад ҳар даъфа таъкид намоем, ки Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори даҳ Конститутсияи беҳтарини кишварҳои олам эътироф гардида, муқаддимаи он бо суханони зерини таърихӣ навишта шудааст:«МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда,

худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,

таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,

баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,

бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ
».

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, моҳият, мундариҷа ва ормонҳои давлатдории нави миллии тоҷикон дар моддаи 1 ва моддаи 100 баръало таҷассум ёфтаанд. Дар моддаи 1 Конститутсияи мамлакат омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» ва моддаи 100-уми Конститутсия таъкид мекунад: «Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд».

Ба ибораи дигар, асосҳои сохтори конститутсионӣ, фаъолияти мақомоти қонунбарор, суд ва прокуратураи мамлакат, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи талаботи ҳамин ду модда ҷорӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки қабули ин ду модда дар заминаи холӣ сурат нагирифтааст. Вақте гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии лоиҳаи Конуститутсия бо сарварии раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурӯъ кард, тамоми паҳлӯҳои таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёд, сарнавишти давлатдории тоҷикон, анъанаву махсусиятҳои миллӣ вобаста ба талаботи замони муосир, равандҳои нави ҷомеа, тартиботи нави давлатдорӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ ба назар гирифта шуданд.

Тавре далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, яке аз асосгузорони қабули Конститутсияи нави мамлакат Пешвои миллат, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Баъд аз эълони истиқлолияти давлатӣ қабули Конститутсия яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ дониста мешуд, зеро қабул кардани Конститутсияи нав муайян намудани роҳи давлат ва ҷомеа ба сӯи рушду такомули минбаъда маънидод карда мешуд. Бо назардошти ҳамин соли 1992 аз ҷумлаи аъзои Комиссияи конститутсионӣ гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ лоиҳаро таҳия намуд, аммо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надод, ки лоиҳаи таҳияшуда барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шавад. Иқдоми ҷиддии навбатӣ баъд аз барқарор шудани сохти конститутсионӣ гирифта шуд. Бо Қарори иҷлосияи ХVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Сардори давлат дар ҳамон иҷлосия зарурати ин корро чунин шаҳр дода буданд: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии ташкилотҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».

Дар фазои сулҳу субот, шаҳомат ва тантанаи музафариятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҷлил шудани 24-умин солгарди Конститутсияи мамлакат гувоҳи он аст, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар интихоби Пешвои миллат, қабули Конститутсияи мамлакат ва роҳ гирифтан ба самти ҷомеаи озоду инсонпарвар, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ хато накардааст.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво