5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Эҳёи дубораи «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

1198
5 декабри соли 2015 дар толори «Душанбе - Плаза» маҷлиси умумии Ташкилоти ҷамъиятии «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти раисии Зуҳуритдинов Б.А. бо иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ва олимону устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.С.Осимӣ бо дақиқаи хомӯшӣ бо гиромидошти ҳамкасбон, рафиқон ва шахсоне, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, оғоз ёфт.
Эҳёи дубораи «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар сухани ифтитоҳии худ иброз намуд, ки то имрӯз узви ҳақиқии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 нафар иборат буд. Ҳоло се нафар-Зуҳуритдинов Баҳоваддин Абдулсаидович, Муқимов Рустам Саматович ва Мамадҷонова Солия Мамадҷоновна барои азнавбақайдгирӣ ариза пешниҳод намудаанд. Мутаассифона, имрӯз Ёқубов Наим Холович дар қайди ҳаёт нестанд.
Аз 18 нафар Узви вобастаи академия 8 нафар барои аз нав ба қайд гирифтан ариза додаанд.
Имрӯз аксарияти узвҳои вобастаи Академия чун Ғуломов А.Ғ.Назиров К.М., Орипов Ғ.О., Аҳтамов У.А., Рӯзиев Д.Р., Ҳасанов З., Раҳмонов Р.Р. ва Бобоев А.Т. дар қайди ҳаёт нестанд. Потехин Ю.С. бошад, мутаасифона бемор аст. Ҳоло ба иловаи 10 нафар аъзоёни қаблӣ 46 нафари дигар бо аризаи худ барои қабул намудан ба аъзогии Академия муроҷиат намудаанд.

Бинобар он, Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки пешниҳоди аз нав бақайдгирӣ ва қабули аъзоёни нави Академияро дастгирӣ намоянд.
Сипас, ҳисоботи Раёсати Ташкилоти ҷамъиятии «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Муқимов Рустам Саматович узви ҳақиқии Академия) ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ (дар давраи ҳисоботӣ солҳои 2010-2015) (Ишанов Б.М.- директои ҶСК «Шаҳрофар») шунида шуд.
Мутобиқи Оинномаи Академия 5 нафар - Зуҳуритдинов Б.А., Муқимов Р.С., Майдинова Г.М., Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. ва Файзуллоев Қ.Ф. аъзоёни Раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб гардиданд. Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Зуҳуритдинов Б.А. интихоб гардид.
Бо пешниҳоди раёсат, олими ҷавон, номзади илмҳои техникӣ Умаров Улуғбек Хуҷақулович котиби илмии ташкилоти «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб гардид.
Раиси дубора интихоб гардидаи Ташкилоти ҷамъиятии «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Зуҳуритдинов Б.А. дар анҷоми ҷаласа бо итминони комил изҳор намуд, ки дар амалӣ сохтани мақсаду мароми пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат аз ӯҳдаи вазифаи ниҳоӣ ва муқаддас– ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарбаландӣ мебароем.
Мухбири «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво