Владимир Жириновский аз Тоҷикистон боздид менамояд
761
Раиси ҳизби либералию демократии Россия Владимир Жириновский охири моҳи октябр бо сафари серӯза бо ҳайати беш аз 20-нафараи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия ба Тоҷикистон меояд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ВАО Олимҷон Салимзода гуфт, ки сафари Владимир Жириновский ба Тоҷикистон бо ташаббуси худи ӯ ва дар доираи таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия сурат мегирад. Интизор меравад, ки ходими сиёсии Россия дар доираи сафараш ба Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар Парлумон фраксия доранд ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия мулоқот анҷом диҳад. Зимни сафар ба Тоҷикистон Раиси ҳизби либералӣ –демократии Федератсияи Россияро беш аз 20 нафар вакилони Думаи давлатӣ ва коршиносон ҳамроҳӣ менамоянд. Ҳамзамон В. Жириновский ва ҳамроҳонаш аз мавзеҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, назири Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи ширкати алюминии Тоҷикистон «ТАЛКО» ва ангурзорҳои водии Ҳисор боздид хоҳад кард.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |