29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фаъолияти худро натиҷагирӣ кард

719
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фаъолияти худро натиҷагирӣ кард
Имрӯз дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2018 баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҳайати мушовара намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо ва дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд. Дар ҷаласаи навбатӣ 4 масъала матраҳ гардид:
1.Дар бораи натиҷаи фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли 2018 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти соли ҷорӣ.
Оид ба ин масъала ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита ва маърӯзаи ҷамъбастии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. шунида шуд.
2. Ҳисоботи сармеъмори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулмамадов Айдармамад Азизмамадович оид ба фаъолияти корӣ дар соли 2017 ва нуҳ моҳи соли 2018.
3. Дар бораи ҳолати омодагии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019.
Оид ба ин мавзӯъ гузориши муовини Раиси Кумита Мирзозода Низом Юсуфӣ шунида шуд.
4. Масъалаҳои дигар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дар давоми семоҳаи сеюми соли равон сармеъморони 2 шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо Кумита ба вазифа таъин гардиданд. Ин ҳам бошад: ноҳияи Қубодиён - Давлатов Муминхӯҷа ва ноҳияи Ёвон - Раҷабов Алишер. Инчунин бо фармоишҳои Раиси Кумита директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон - Амонов Дилшод ва дар ноҳияи Леваканти вилояти Хатлон – Холов Зайниддин ба вазифа таъин гардиданд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фаъолияти худро натиҷагирӣ кард
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукуқмати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи худро бо ёдовар шудани чорабинии сиёсии муҳими аҳамияти байнидавлатӣ дошта - ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд, оғоз намуд.
Дар ҷаласа, гуфт ӯ,- дар бораи «Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ» эълон намудани соли 2021 дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул гардид. Кумита қарори қабулгардидаро оид ба Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ эълон намудани соли 2021 ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон зикр менамояд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳали аҳолинишини мамлакат, ки ба соли 2021 рост меояд ва сохтмони зиёда аз 11 ҳазор иншоот ва биноҳои гуногунтаъйинот дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ифодагари сиёсати шаҳрсозӣ ва рушди соҳаи меъморӣ мебошанд.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамарӯза аз тарафи Сарвари давлат, Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст. Итминони комил дорам, ки меъморон ва сохтмончиёни Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо гаштани симои Ватани маҳбубамон ва таъмини шароити беҳтари кору зиндагии мардуми сарбаланд содиқона меҳнат мекунанд,- илова намуд Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
-Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 57 шаҳру маркази ноҳияҳо пурра ба анҷом расида бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фаъолияти худро натиҷагирӣ кард
Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаи Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Бӯстон, Роғун, Гулистон ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳритуз мавриди мувофиқа қарор доранд. Таҳияи лоиҳаи Нақшаҳои генералии ноҳияҳои Данғара ва Фархор идома доранд.
Айни замон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати дар амал татбиқ намудани нақшаҳои генералии тасдиқгардида, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал идома дорад. Аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маркази 57 шаҳру ноҳияҳо бо нақшаҳои муфассали банақшагирӣ таъмин буда, ҳоло лоиҳаи нақшаи муфассали банақшагирии маркази 7 шаҳру ноҳияҳо мавриди тасҳеҳ қарор доранд.
Кумита ҳамарӯза бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти шаҳрсозӣ ва дар доираи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба роҳ мондани фаъолияти сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кушиш ба харҷ дода истодааст.
Қайд кардан зарур аст, ки қисми зиёди сармеъморони шаҳру ноҳияҳо ҳисоботҳои худро дар муҳлати муқарраргардида барои баррасӣ ва ҷамбаст пешниҳод накарданд. Ҳамзамон аз баррасии ҳисоботҳои пешниҳод намудаи аксарияти сармеъморони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ бармеояд, ки ҳисоботҳо ба таври зарурӣ тартиб дода нашуда, нисбати пешравиҳои соҳа ва камбудиҳои ҷойдошта маълумоти дуруст манзур карда нашудааст. Таҳлилҳо ва муроҷиати шаҳрвандон нишон медиҳад, ки то имрӯз аз ҷониби сармеъморони шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқаи лоиҳаҳои хонаҳои истиқоматии шахсӣ ва сари вақт додани иҷозат оид ба оғози корҳои сохтмонӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд, ки ин амал норозогии шаҳрвандонро ба миён овардааст.
Роҷеъ ба иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 баён доштаанд, тибқи нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ албоми намунавии гиреҳҳои гузоштани масолеҳҳои гарминигоҳдоранда дар бинову иншоот таҳия ва пешниҳод карда шуд. Албоми мазкур дар Шӯрои илмӣ-техникӣ баррасӣ шуда, бо фармоиши Раиси Кумита аз 16 майи соли 2018, №47/ф тасдиқ гардида, барои истифодабарӣ пешниҳод карда шуд.
Инчунин, дар нуҳ моҳи соли 2018 бо мақсади густариш додани муносибатҳо бо дигар давлатҳо, барпо намудани ҳамкориҳо баҳри таъсиси муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон байни кишварҳо, ки барои омода намудани лоиҳаҳои муштарак ва нақшаҳо, ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва техника заминаи мусоид фароҳам меорад, 7 (ҳафт) лоиҳаи шартномаҳои байналмиллӣ таҳия карда шуданд.
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба меъморӣ ва сохтмон санаи 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд ва ҷиҳати татбиқи он чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Моҳҳои январ-сентябри соли 2018 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 9 миллиарду 342 миллион сомонӣ истифода шудааст.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фаъолияти худро натиҷагирӣ кард
Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 698 ҳазору 900 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Моҳҳои январ-сентябри соли 2018 фондҳои асосӣ ба маблағи 2 миллиарду 352 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиарду 203 миллион сомониро ташкил дод.
Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 4044 ҷойи талаба, беморхона барои 55 кат, дармонгоҳ барои 90 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 596 ҷой ба истифода дода шуданд.
Аз ҷониби Кумита бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ оид ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии иншоот ва маҷмааи инфрасохтори сайёҳӣ дар мувофиқа бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, ки муҳлати баргузории он то санаи 30 октябри соли 2018 муқаррар шудааст.
Аз ҳисоботи Раиси Кумита маълум гардид, ки Кумита дар асоси Нақшаи чорабиниҳои зикршуда бо мақсади танзими рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сифати масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда, бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои 19-20 октябри соли 2018 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ”-ро баргузор намояд.
Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, лоиҳаҳои иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, кошинкорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, корҳои омодагӣ дар ин самт идома доранд. Бинобар ин ӯ ҳамаи ширкатдорони ҷаласаро барои иштирок дар ин Намоишгоҳ даъват намуд.
Дар анҷоми маърӯзаи худ Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. аз номи ҳозирин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонид, ки кормандони соҳаи сохтмону меъморӣ барои боз ҳам беҳтар кардани сифати корҳои сохтмониву лоиҳакашӣ, суръат бахшидан ба равиши фаъолияти бинокорӣ ва ободу зеботар кардани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ карда, ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.
Д.Нурзода




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво