6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар рӯзи маъюбон бояд аз мушкилоти онон сухан гуфт!

1436
«Ҳамасола 3-юми декабр ҳамчун рӯзи байналхалқии маъюбон дар тамоми дунё таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро таҷлил мекунанд. Ин рӯзе нест, ки мо бо он маъюбонро табрик кунем. Ин рӯз ба мо имконият медиҳад, ки оид бадастовардҳо он мушкилоти маъюбон сухане гуем. Рӯзест, ки мо метавонем овози хешро баланд намоем, то дар ҷомеа худро аз ҷиҳати мусбат нишон диҳем ва мардум боз ҳам бештару хубтар огоҳ гарданд, ки маъюбон низ узви ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд ва саҳми худро барои ободиву шукуфоии ин сарзамин гузошта метавонанд. Яке аз самтҳое, ки мо фаъолона кор карда истодаем, ин омода кардани муҳити зист барои маъюбон ва тағйир додани муносибати ҷомеа нисбат ба маъюбон аст»,-гуфт Асадулло Зикрихудоев, роҳбари ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» зимни чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзи маъюбон, ки дар Театри давлатии академии ба номи А. Лоҳутӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Театри давлатии академии ба номи А. Лоҳутӣ бо ибтикори Раёсати ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият», Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ ҶТ ва Фонди махсуси маъюбон дар назди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх бо иштироки намояндагони ташкилоти номбурда ва шахсони имконияташон маҳдуд чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Инчунин аз ҷониби ин ташкилот ба маъюбон туҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво