28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар ноҳияи Рашт дар муддати се сол 140 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд!

609
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 апрели соли равон дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориши қатъӣ доданд, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 9-уми сентябри соли 2021 корҳои созандагиву ободониро дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамаҷониба густариш бахшанд.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ таъсис дода, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста карда шудаанд.

Дар ноҳияи Рашт роҳбарии гурӯҳи кориро директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ дар ин ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.

Тибқи супориши Сарвари давлат ҷиҳати дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як маҳалла ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мактабу китобхонаҳо, беморхона, корхонаҳои истеҳсоливу дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва сайругашти оммавӣ, ҳаммом, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн сохта, ба истифода дода мешаванд.

Имрӯзҳо дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ноҳияи Рашт низ ба майдони бузурги созандагиву бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Вусъати баланди ҷараёни корҳои ободонӣ дар ин ноҳия аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳибкорону сокинони бо нангу номуси ноҳия азм доранд ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол намоянд.

Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт оид ба амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ барои сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз 159 банд иборат буда, 19 банд чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва 140 банд сохтмони иншоотҳоро дар бар мегирад. Аз ин шумора то имрӯз 31 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 46 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Аз 140 иншоот 49 адади онҳо ба соҳаи иҷтимоӣ, 23 иншоот ба соҳаи варзиш, 18 иншоот оид ба таъмир ва барқарорсозии роҳҳо ва каналҳо, 12 иншоот сохтмони биноҳои мамурӣ ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ, 12 хати нави оби нӯшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, 16 бинои маркази савдо, меҳмонхона, тавақуфгоҳ, нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурӯши сӯзишворӣ, 8 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ, дар масофаи 4 километр гузаронидани хати баландшиддати интиқоли барқ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи нақша-чорабиниҳо, дар муддути се сол дар ин ноҳия 3 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, 12 адад марказҳои савдо, маҷмааи хизматрасонӣ, меҳмонхона, истироҳатгоҳ, тавақуфгоҳ, таъмири нақлиёт, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 6 бинои маъмурӣ, 6 корхонаи саноатӣ, 2 коргоҳи коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, фермаи парвариши чорвои калони шохдор, таъмир ва барқарорсозии 2 канали обёрикунанда, 1 ҳавзи парвариши гулмоҳӣ, 4 маркази фарҳангию фароғатӣ, сохтмон ва таъмири 5 озмоишгоҳ, шуъбаҳо ва марказҳои барқарорсозии саломатӣ бунёд мегарданд.

Сокинони ноҳияи Рашт бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии мамлакат ва сарбаландӣ аз пойдории сулҳу осмони софу беғубор, ифтихор аз Пешвои ғамхору дурандеш бо чеҳраи кушоду рӯҳбаландӣ ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ истиқбол гирифтанд.

Дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ аз ҷумла, 5 бинои таълимӣ, 22 синфхонаи иловагӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 беморхонаи хусусӣ, 3 марказу маҷмааҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин, то охири соли 2018 ба истифода ддодани 4 корхонаи истеҳсолӣ, 1 толори варзишӣ, 8 адад хатҳои оби нӯшокӣ ва чоҳи амудӣ, дарвозаи даромадгоҳи ноҳия ва мумфарш намудани 31 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои бахши хусусӣ ва соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 31 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар дигар иншоотҳо корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Вусъати корҳои ободонӣ нишон медиҳанд, ки соҳибкорону сокинони ноҳияи Рашт ният доранд, ки 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён истиқбол намуда, ин гӯшаи ватанро симои нав бахшанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво