Барои сохтмони НБО «Роғун» маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд
749
Барои сохтмони Неругоҳи барқи обии /НБО/ «Роғун» соли равон маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Ин нуктаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзидин Қаҳҳорзода дар ҷараёни ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон зимни ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018″ баён дошт.
Зикр гардид, ки то охири соли равон бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони НБО «Роғун» аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ бо асъори хориҷӣ (евробондҳо) 2470,4 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби фурӯши металл ва сангҳои қиматбаҳо 749,2 миллион сомонӣ равона карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки НБО «Роғун» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иншооти муҳим ва дорои аҳамияти стратегӣ буда, он дар таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат, хусусан татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ мебозад. То ҷое мусаллам аст, 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бо идора кардани техникаи вазнин- булдозер маҷрои рӯди Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди НБО «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд. Интизор меравад, ки 16 ноябри соли равон агрегати нахустини ин иншооти бузурги аср-НБО «Роғун» ва моҳи апрели соли 2019 чархаи дуюми он ба кор андохта шаванд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |