25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муносиботи соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон таҳким меёбад

963
Гардиши мол миёни Тоҷикистону Лаҳистон дар сатҳи баланд набошад ҳам, вале талошҳои дуҷониба барои бештар гардидани муносиботи тиҷоратӣ идома дорад, зеро маҳсулоте, ки корхонаҳои саноатии ин кишвар истеҳсол мекунанд, дар бозорҳои Тоҷикистон аллакай мавқеи худро пайдо кардааст. Инчунин аз Тоҷикистон низ молу маҳсулоти гуногун ба ин кишвар роҳ ёфта, дар бозорҳои дохилии Лаҳистон харидорони худро пайдо кардаанд. Намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон талош дорад, то содироти маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон ба Лаҳистон бештар намояд. Инчунин масъулон аз ҳарду ҷониб талош доранд, то муносиботи иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар бештар гардад. Ин нуктаҳо дар машварате, ки бахшида ба рӯзи «Дарҳои кушоди Ҷумҳурии Полша дар Тоҷикистон», ки имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати кишвар баргузор шуд, таъкид гардид.
Инчунин дар чорабинӣ масъулин аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишварро хуб баҳодиҳӣ карданд.
Баргузории ин гуна чорабиниҳоро масъулин дар таҳкими муносиботи миёни давлатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мусбат арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки муаррифии иқтидори истеҳсолии Тоҷикистон ба соҳибкорони Лаҳистон ва аз Лаҳистон ба Тоҷикистон имконеро фароҳам меорад, ки заминаҳои боэътимоди ҳамкории гуногунҷанбаъ гузошта шавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво