29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

519
Имрӯз, 27 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мухриддин ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд. Инчунин, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, масъалаи омодагӣ ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, баррасӣ шуда, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2019-2020 тасдиқ гардид. Инчунин қарорҳо оид ба амалисозии барномаи давлатии ИДМ “Пойтахти фарҳангии ИДМ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва Конвенсия оид ба тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсади осоишта қабул шуданд.

Дар рафти ҷаласа, Изҳороти сарони давлатҳои ИДМ ба муносибати ҷашни 70-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 қабул шуд.

Оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво