5 октябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» номгузорӣ шуд

584
Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар 2,85 гектар «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» номгузорӣ карда шуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, дар асоси ҳамин қарор боғи мазкур ба тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Тибқи қарори зикршуда, муовини Раиси шаҳри Душанбе–сарпарасти соҳа ва раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво