Дар Душанбе ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ ба кори худ оғоз намуд
692
Имрӯз, 18 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ дар Кохи «Малика»-и ноҳияи Варзоб ба кори худ оғоз намуд. Ҷаласаи мазкур дар доираи татбиқи Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 роҳандозӣ мегардад.
Тавре сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Қобилов зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар ҳошияи чорабинии мазкур 17 сентябри соли 2018 гузаронидани ҷаласаи коршиносон оид ба омода сохтани маводи ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ ва ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи пешниҳодот ҷиҳати такмилдиҳии афзори татбиқи конвенсияҳои Минск ва Кишинев дар бораи ёрӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ дар назар дошта шудааст. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории мазкур 16 майи соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва ҷаласаи дуюми он 10 октябри соли 2017 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардида буданд. «Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ таҳти раёсати Раиси Шӯрои вазирони давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ – Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иштирок мекунанд. Инчунин ба ҳайси намоянда дар Шӯро вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд», — афзуд Б. Қобилов. Тибқи рӯзномаи маҷлис, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони адлия масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар самти расонидани хизматрасонии ҳуқуқӣ, танзими қонунгузории назорати ҷамъиятии фаъолияти мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар давлатҳои ИДМ, фаъолият дар самти баландбардории фарҳанг, тафаккури ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар он муболилаи афкор ва таҷриба сурат мегирад. Ёдовар мешавем, ки Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ «Дар бораи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ» аз 26 августи соли 2005 таъсис дода шудааст. Қарор дар бораи таъсиси Шӯро аз ҷониби панҷ давлат — ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст. Ваколатҳои асосии Шӯро аз таҳияву таъмини татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ба салоҳияти вазоратҳои адлия марбутбуда, мусоидат дар баҳамназдиккунии қонунгузории давлатҳо –иштирокчиёни ИДМ ва дигар масъалаҳои ба ин соҳа марбут иборат мебошанд. Аз лаҳзаи таъсиси Шӯро дувоздаҳ ҷаласа ташкил ва гузаронида шудааст. Аввалин ҷаласаи он 12 апрели соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардида буд. Ҷаласаи шашуми ин Шӯро 23 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе доир шуда буд. Охирин ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ 11 октябри соли 2017 дар шаҳри Ереван баргузор гардида буд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |