Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» табдил дода шуд
698
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 4 сентябри соли 2018 Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иваз карда шуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ном ва матни қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 октябри соли 2017, №639 «Дар бораи тасдиқ намудани Оиннома, фонди музди меҳнати роҳбарият, басти воҳидҳои корӣ ва музди меҳнати кормандон, Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тағйири ном кард. Мутобиқи қарори мазкур директори Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |