20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ оғоз гардиданд

494
Ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ оғоз гардидандҲамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қатар ба таври назаррас роҳандозӣ гардида, ҳамеша дар ҳоли рушд қарор дорад. Асос ва таҳкимбахши ин ҳамкорӣ аз сиёсати хирадмандона ва бобарори роҳбарони олии давлат- Тоҷикистон ва Қатар сарчашма мегиранд. Ин нукта имрӯз, 30 август зимни ифтитоҳи ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтанд, баён гардид.

Дар ҷаласаҳо намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, молия, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар идораҳои Тоҷикистон бо ҳайати меҳмонон – намояндагони вазоратҳои иқтисод ва тиҷорат, маориф ва таҳсилоти олӣ, муҳити зист, энергетика ва саноат, фарҳанг ва варзиш ва Бонки марказии Қатар мубодилаи афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои мазкур дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ки пагоҳ, 31 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир гардида истодаанд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласаҳо ҳайатҳои расмиро аз ҷониби Тоҷикистон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Тоҷиддин Ҷӯразода ва аз ҷониби Қатар сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ, созишномаҳои иқтисодию тиҷоратии Вазорати иқтисод ва тиҷорати Давлати Қатар Аҳмад Аҳан муаррифӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қатар сол то сол рушд ёфта, барои тавсеаи онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам меояд. Дар доираи ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи кории ҳайатҳо баргузор гардид, ки дар он ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию техникӣ ва сармоягузории байни ду давлат баррасӣ карда шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво