12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Фарҳанги оиладориро бояд омӯхт

1300
Соҳиби оила шудан, ба ин олами зебо, вале пурмасъулият ворид гардидан орзуи ҳар фарди ҷомеа аст. Тантанаи ба ин рӯзи фараҳбахш расидан ҳангомае дорад бузургу нотакрор - таманноҳо, табрикоту оғӯшкашиҳо, ҳадяҳои бешумор…

Баробари ба забон овардани вожаи оила падар, модар ва фарзандонро пеши рӯ меоварем. Онҳоеро, ки бо худ месозанду мебозанд, умуман дар набарди зиндагонӣ ғарқаанд.

Оре, оиларо метавон давлате номид, ки дар ҳама маврид сиёсати худро дорад. Асоси оиларо зану мард ташкил медиҳанд. Бунёди мустаҳкамии оиладорӣ ба ҳар ду, яъне зану мард вобаста аст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола маҳз ба ҳамин масъалаи мубрами рӯз диққати ҷиддӣ дода, гуфта буд:
«Мусаллам аст, ҷомеаи солим аз насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки Соли 2015 дар кишвар соли оила эълон шавад».

Аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хосса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзию маърифатпарварӣ, ҷавонмардию ахлоқи хамида, нангу номус ба воя расонидани фарзанди худ ҳамеша қӯшиш мекарданд. Дар тӯли садсолаҳо хонаводаҳои тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё оварда, ба камол расонидаанд, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башарӣ хизматҳои зиёди таърихӣ кардаанд. Мо низ гуфтаҳои Сарвари давлатамонро ҳамаҷониба тарафдорӣ менамоем, зеро бе ташкили оилаҳои хушбахт тарбияи насли наврас душвор аст.

Тоҷ бар сар мекунад, зан мекунад,
Хок бар сар мекунад , зан мекунад.

Дар ин панд мазмуни бузурге ҷойгир аст. Мо дар он ақидае ҳастем, ки агар зан бе донишу бе фарҳанг бошад, «хок бар сар мекунад».

Хукумати кишвар ба омӯзиши ҳатмии занону духтарон дар мактабҳои миёна ва олии кишвар диққати махсус медиҳад. Агар мо ҳама кӯшиши худро бештар ба ҳамин самт равона созем, он гоҳ ҷавонзанону ҷавондухтарон дар зиндагӣ ба хатоиҳо кам рӯ ба рӯ мешаванд.

Як сабаби вайроншавии оилаҳо- такя бар расму русуми зараровар-никоҳи хешутаборист. Маҳз аз ҳамин лиҳоз кӯдакони маъюб зиёд ба дунё меоянд ва дар зиндагии ҷавонон монеа ба вуҷуд меоранд. Вақте ки дар оила падару модар соҳибмаърифат бошанд, ба фарзандони худ хислатҳои ҳамидаи инсонӣ – инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, муҳаббат ба ин хоку марзу бум ва амсоли инро меомӯзонанд.Ҳар як тарбиятдиҳанда, оила, инчунин ҷомеаро зарур аст насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ дар оиладорӣ ба камол расонанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво