3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд

43
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «АДЛ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи саноативу истеҳсолии ҶДММ «Адл» дар доираи тадбирҳо дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бо иқдоми соҳибкори ватандуст дар масоҳати 3066 метри мураббаъ бо маблағи 1,5 млн сомонӣ бунёд гардидааст.

Корхона дар як сол то 20 ҳазор намудҳои гуногуни ҷиҳози кӯдакона, аз ҷумла 7 намуд мебел ба монанди мизу курсӣ барои муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, гаҳвора, кати хоб ва ҷевонҳо барои хурдсолонро истеҳсол мекунад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки дар сехи истеҳсолии «Адл» дастгоҳу таҷҳизоти замонавии ширкатҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи зиёда аз 750 ҳазор сомонӣ ворид ва насб гардидааст.

Дар ин корхона 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд. Бо васеъ шудани фаъолияти корхонаи мазкур имкон аст, ки шумораи кормандон зиёд карда шавад.

Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки маҳсулоти ватанӣ босифат истеҳсол гардида, дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба содирот низ равона гардад. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намунаҳои маҳсулоти корхона шинос шуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, рушди саноат ва тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби бахши хусусӣ тақвият пайдо намуда, пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон боиси он гардид, ки барои татбиқи нишондиҳандаҳои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар роҳ васеъ гардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво