6 ноябр 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа

100
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа
12.10.2024, ноҳияи Роштқалъа
Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ибтидо ба мардуми сарбаланди ноҳияи Роштқалъа ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарам – барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос менамоям.

Дар ҷараёни ҳар як сафари корӣ хуб мушоҳида мегардад, ки сокинони ватандӯсту заҳматқарини ноҳия бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву соҳибихтиёрӣ дар ҷодаи ободии диёри худ ва сарзамини аҷдодӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд.

Мо зимни сафари кории имрӯза низ шоҳиди рушду ободии ин гӯшаи Тоҷикистони азизамон гардидем.

Дар ноҳия имрӯз мо биноҳои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и Ҷамоати деҳоти Роштқалъа ва якчанд иншооти дигарро ифтитоҳ намудем.

Ҳамчунин, бо ҷараёни корҳо дар сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуда, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110-киловолтаи «Хоруғ – Қозидеҳ» ва 35-киловолтаи «Сурхсангов – Ванҷ», инчунин, пули мошингузари нерӯгоҳро мавриди истифода қарор додем.

Танҳо дар ду соли охир ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Себзор» беш аз 205 миллион сомонӣ равона гардида, бунёди он то охири соли 2025 ба анҷом расонида мешавад.

Хотирнишон менамоям, ки баробари ба фаъолият оғоз кардани ин нерӯгоҳ таъминоти барқ дар ноҳия, инчунин, дар қаламрави вилоят беҳтар гардида, содироти он ба деҳоти наздисарҳадии давлати ҳамсояи Афғонистон меафзояд.

Бо истифода аз фурсат, ман ба ҳамаи муҳандисону мутахассисон ва бунёдгарони ин иншооти муҳимми энергетикӣ барои заҳмати шабонарӯзӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар муддати 33 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Ғайр аз ин, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи 4 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 740 миллион сомонӣ идома доранд.

Дар доираи лоиҳаҳои амалигардида сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, дастрас гардонидану баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, нигоҳдории роҳҳо, бо барқ таъмин намудани деҳаҳо, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин, пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ анҷом дода шудааст.

Тибқи таҳлилҳо иқдомоти то имрӯз амалигардида ба хеле беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолии ноҳия мусоидат намудаанд.

Илова бар ин, бо мақсади ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ гардида истодааст, ки дар он иҷрои 92 лоиҳа ба маблағи умумии 222 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи барномаи мазкур то имрӯз 21 лоиҳа татбиқ шудааст, яъне иҷрои он ҳамагӣ 23 фоиз таъмин гардидааст.

Бо дарназардошти он ки то ба анҷом расидани муҳлати барнома як соли дигар боқӣ мондааст, роҳбарияти вилоят ва ноҳия ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ густариш дода, ҷиҳати иҷрои барнома аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Ман дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамеша таъкид менамоям, ки ҳодисаву равандҳои дар ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла гармшавии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – камобиву хушксолии пайдарпай ва офатҳои табиӣ ба таъмин намудани аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ таъсири манфӣ расонида истодаанд.

Бинобар ин, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ҳама фаслҳои сол бо маҳсулот таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар аҳаммияти торафт бештар пайдо карда, аз ҳар яки мо истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла обу заминро тақозо менамояд.

Ноҳияи Роштқалъа барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, меваю сабзавот ва чорводорӣ шароиту имкониятҳои мусоид дорад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд мегардад ва аз ин ҳисоб хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ даромади хуб мегиранд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия афзоиши истеҳсоли гӯшт 1,6 баробар, ғалладонагиҳо 2 баробар, картошка 3,4, сабзавот 2,8, мева 67 ва истеҳсоли шир 2,3 баробарро ташкил кардааст.

Ин, албатта, қобили таҳсин аст.

Роҳбарону мутахассисон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳияро зарур аст, ки раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро минбаъд низ идома дода, аз шароити беҳтарине, ки дар ноҳия вуҷуд дорад, аз ҷумла обу замин самараноку оқилона истифода баранд.

Дар ноҳияи Роштқалъа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ мунтазам афзоиш ёфта, аз 2,6 миллион сомонии соли 2000-ум ба 4,4 миллион сомонӣ дар соли 2023 расидааст, яъне қариб ду баробар зиёд шудааст.

Дар ҳафт моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 фоиз зиёд гардидааст.

Вале бо вуҷуди супоришҳои додашуда дар ин давра либоси мактабӣ умуман истеҳсол нашудааст.

Ҳоло дар ноҳия 9 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, соли ҷорӣ 5 корхонаи нав таъсис дода шудааст.

Хотиррасон менамоям, ки тибқи нақша то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия иловатан на кам аз 4 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бояд бунёд карда шавад.

Дар ноҳия барои рушди соҳаҳои коркарди маъдан, истеҳсоли сангҳои ороишиву сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ таъсис додани садҳо ҷойи нави корӣ барои сокинон захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва роҳбарону масъулон бояд барои истифодаи ҳарчи бештару самараноки онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Бо ин мақсад ба Бонки миллӣ, «Амонатбонк», «Саноатсодиротбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ва аҳолӣ ба воситаҳои молиявии нисбатан арзон чораҳои мушаххас андешанд.

Зимни сафари кории соли гузаштаи мо дар ноҳияи Роштқалъа бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба истифода дода шуда буд.

Дар ошёнаи якуми он маркази таълими калонсолон ҷойгир буда, ҷиҳати ба касбомӯзиву забономӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Илова бар ин, дар назди марказ якчанд синфхона барои омӯхтани касбҳои қаннодиву ошпазӣ, дӯзандагӣ, технологияи коммуникатсионӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбобҳои барқӣ ташкил гардидааст, ки дар нӯҳ соли равон 361 нафар сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла 206 нафар занону духтаронро ба касбомӯзӣ фаро гирифтааст.

Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки бо дарназардошти мавҷудияти сангҳои қиматбаҳову ороишӣ дар ҳудуди ноҳия тавассути ба роҳ мондани коркарди онҳо ва рушди косибиву ҳунармандӣ садҳо нафар шаҳрвандонро бо ҷойи кор таъмин кардан мумкин аст.

Ҳамватанони азиз!

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Роштқалъа 12 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 2 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудаанд.

Имрӯз мо бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро барои 1280 хонанда, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бунёд гардидааст, мавриди истифодабарӣ қарор додем.

Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии аҳолии ноҳияҳои дурдаст ва бо мутахассисони маҳаллӣ таъмин намудани соҳаҳои мухталифи онҳо ҷиҳати фарогирии сокинони ин ноҳияҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.

Аз ҷумла дар даврони соҳибистиқлолӣ 561 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳияи Роштқалъа тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қабул гардидаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи президентӣ аз ноҳия 173 нафар таҳсил карда истодаанд ва соли ҷорӣ боз 15 нафар хатмкардагон тибқи квота ба ин муассисаҳо дохил шудаанд.

Имрӯзҳо танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар 45 нафар фарзандони боистеъдоди мардуми ноҳияи Роштқалъа таҳсил карда истодаанд, ки 44 нафари онҳо бо квотаи президентӣ қабул гардидаанд.

Бо вуҷуди натиҷаҳои назаррас, дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанӯз як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз ҷумла нарасидани таҷҳизоту маводи зарурӣ барои кабинетҳои фаннӣ, иҷро нагардидани барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ҷой доранд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Инчунин, 11 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ки роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд барои ҳалли ин масъала низ чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин, роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаи тандурустиро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида, таҷҳизоти тиббӣ ва боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дастрасии хизматрасониҳои тиббиро ба сокинони ноҳия таъмин намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа бунёду таҷдиди 206 иншооти гуногун ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз 97 иншоот ба маблағи 131 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 47 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бовар дорам, ки роҳбарият, соҳибкорон ва аҳолии ватандӯсти ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти боқимондаро таъмин менамоянд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва падару модарон аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум ва хусусан ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, риояи қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ роҳнамоиву сафарбар созанд.

Дар ин раванд зарур аст, ки ба масъалаи кумаку дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат, инчунин, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар тарбия кардани фарзандон эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Роштқалъа анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои пешрафту ободии Ватани маҳбуби худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманд мегузоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Дар татбиқи ҳадафу нақшаҳои неку созанда ба сокинони ватандӯсту сарбаланди ноҳияи Роштқалъа барори кор ва муваффақият орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво