дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, ҷаласа баргузор гардид.
63
Имрӯз дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи всеъи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии-омили боэътимоди муқовимат ба коррупсия” баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ оғоз намуда иброз намуданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 қабул гардид. Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд. Зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ раванди иттилоотонии ҳуқуқӣ доир ба қоидаҳои умумии ҳатмии рафтори (меъёри) муқаррарнамуддаи қонунгузорӣ фаҳмида мешавад, ки мақсади он ба баланд бардоштани шуурнокии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалишавӣ ва риояи қонунҳо, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ равона шудааст. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амалисозии ҳадафҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҷиҳати татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия ва омилҳои ба он мусоидакунанда, таъмини иштироки кормандон дар мубориза бо коррупсия, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Сипас доири мавзуи ҳадафҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, муқовимат бо коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикорупсионӣ ва ҳамзамон тавсияву пешниҳодҳо ҷиҳати мусоидат дар амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, камбудӣ ва роҳҳои бартарафсозии онҳо Сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим ва Нозири калони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтинанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин суханронӣ намуданд. Муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Умарзода Улуғбек Хуҷа оиди татбиқи ҳадафҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ҳамзамон доири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон баромад намуд. Дар охир Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Мирзозода Низом Юсуфӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии ҷомеа бо падидаи коррупсия, ки яке аз вазифаҳои асосии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад ба, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони корхонаҳо, шахсони масъул ва комиссияҳо оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита вазифаҳои мушаххас доданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |