Дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Норак 286 иншооти гуногун бунёд ва навсозӣ гардид
291
Дар 33 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак 286 иншооти гуногун бунёд ва навсозӣ гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Норак хабар доданд.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 197 биною иншоот, аз ҷумла 8 бинои маъмурӣ, 9 бинои таълимӣ, 6 бинои табобатӣ, 5 адад варзишӣ, 2 адад фарҳангӣ, 20 адад саноатӣ ва 147 бинои хизматрасонӣ, маишӣ, кишоварзӣ, фароғатию савдо ба нақша гирифта шудааст. То ин давра аз иншооти нақшавӣ 82 адад (41,6%) сохта, ба истифода дода шудааст. Дар 82 иншооти баистифодадода 246 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи имсол зимни сафар ба шаҳри Норак якчанд иншооти соҳаҳои гуногунро мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла, ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ба кор андохтани чархаи чоруми Неругоҳи барқи обии «Норак», корхонаи истеҳсоли равған дар заводи таҷрибавӣ-механикӣ бо муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор, таҷдиду таъмири бинои асосӣ ва навсозии биноҳои ёрирасони беморхонаи марказии шаҳри Норак, бунёди роҳҳо ва дигар иншоот, ки нишонаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба шаҳри Норак ва сокинони он мебошад. АКС аз манбаъҳои боз
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |