7 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии “Шолидара-Дарбанд”-ро ба истифода доданд

30
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии “Шолидара-Дарбанд”-ро ба истифода доданд.

Сарбанди асосии оби сарди поку мусаффо, ки аз пиряхҳо сарчашма мегирад, дар мавзеи Шолидара воқеъ аст ва аз маркази ноҳияи Нуробод дар масофаи 14 километру 420 метр дур мебошад. Аз ин масофа то ба шаҳраки Дарбанд оби нӯшокӣ бо қубури кутраш 273 мм тариқи худҷорӣ оварда шудааст. Он ба обанбори марказӣ, ки ғунҷоишаш ба 4000 метри мукааб баробар аст, ворид мегардад. Тавассути обанбор 3 500 нафар аҳолии шаҳраки Дарбанд ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегардад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати муаяншуда, бо сифати баланд анҷом ёфт. Барои саривақт ва дар муҳлати пешбинигардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардида буд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо сабаби афзоиши шумораи аҳолӣ дар шаҳраки Дарбанд талабот ба оби тозаи ошомиданӣ зиёд ва аз ин ҳисоб маҳдудият ҷорӣ гардида буд. Акунун бо мавриди истифода қарор гирифтани хати оби нӯшокии “Шолидара — Дарбанд” сокинони шаҳрак шабонарӯзӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.

Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия ва деҳоти дурдасти кишвар амалӣ гардид.

Сарвари давлат масъулони соҳаро вазифадор намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба фарҳанги волои истифодаи об дар байни сокинон тақвият бахшанд.

Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои шоистаи роҳбарияти олии давлат буда, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин шабакаи оби ошомиданиро ғамхории навбатии Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво