23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили Рӯзи касбии сохтмончиён

1252
Таҷлили Рӯзи касбии сохтмончиён

Дар толори маҷлиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи касбии сохтмончиён
ҷамъомади ҷашнӣ баргузор гардид.
Нахуст, Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳозирин ва дар симои онҳо сохтмончиёни кишварро ба иди касбиашон табрик намуда, қайд кард, ки соҳаи сохтмон соҳаи бисёр муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо донишу таҷриба, балки қобилияту фидокориро талаб мекунад. Чун анъана ,мо якшанбеи дуюми моҳи август иди касбии бунёдгарони ин Ватани маҳбуб, офарандагони зебоӣ, яъне созандагони ояндаи ин диёри нотакрорро ҷашн мегирем.
Сол ба сол бинокорони мамлакат бо дастовардҳои боз ҳам бештар, бо туҳфаҳои арзандатар ва саҳми арзишманди хеш дар ободии диёр, некӯаҳволии мардум ва осоишу шукуфоии он нақши назаррас мегузоранд. Таҷлили Рӯзи касбии сохтмончиён
Бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ иншооти зиёди наву замонавӣ бунёд ёфтаанд. Рушди босуръати соҳаи сохтмони мамлакат ба зиёдшавии шумораи корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи нави бинокорӣ ва истифодаи технологияҳои муосири соҳа дар иншооти миқёсан гуногун боис гардид.
“Ҳоло барои рушду инкишофи соҳаи меъмориву сохтмон дар мамлакат шароити мусоид фароҳам гардида истодааст. Тавре маълум аст, бунёдкорӣ ва ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар аз таҳияи мукаммали нақшаҳои генералӣ вобаста мебошад. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар нақшаҳои генералӣ марҳала ба марҳала аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд намудани бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ, кӯчаҳои васеъ ва хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда шудааст” – иброз намуд Аҳмадзода Ҷ. Ҷ.
Дар идома мутахассиси ҷавон Аҳмадов Пайрав аз шуъбаи ташхиси лоиҳаҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Раёсати экспертизаи давлатӣ суханронӣ намуда, дар бораи саҳми ҷавонон дар пешрафти соҳаи сохтмон ибрози андеша кард.Таҷлили Рӯзи касбии сохтмончиён
Сипас, мувофиқи Фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ бо «Ифтихорномаи фахрӣ» ва «Сипоснома»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон ба як қатор собиқадорони соҳа ва кормандоне, ки бо фаъолияти пурмаҳсулу самаранок дар густариш ва рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ саҳми босазо гузоштаанд, қадрдонӣ гардиданд. Таҷлили Рӯзи касбии сохтмончиён
Дар фарҷоми ҷамъомад Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол гуфт:
- “Итминони комил дорам, ки иштироки фаъолонаи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармеъморони шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои сохтмонӣ ва саноати масолеҳи бинокории ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият, дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳамчун таҷассумгари дастовардҳои таърихи халқамон марҳалаи тозаи худшиносӣ ва ваҳдату ифтихори миллӣ мегардад, ки ин барои таҳкими асосҳои давлату давлатдорӣ ва ободии сарзамини аҷдодиамон бисёр муҳим ва пурқиммат аст”.

“РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво