Ҳамкасбони мӯҳтарам, сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон ва собиқадорони соҳаи сохтмон ва меъморӣ!
Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон ҷашни касбҳои сершумор аз ҷумла; муҳандисон, лоиҳакашон, коргарон, кафшергарон ва таҳқиқгарон мебошад, ки тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август таҷлил карда мешавад.
Бо таманниёти хушнудӣ ва фараҳмандии зиёд аз номи худ ва аҳли кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо - сохтмончиёни кишварро бо иди касбиатон «Рӯзи кормандони сохтмон» самимона муборакбод мегуям.
Ободу шукуфон намудани як мавзеъ аз кас ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, эҳсоси хештаншиносиву худафрӯзӣ тақозо мекунад. Мо мардуми зебопараст, бунёдкор ва созандаи Тоҷикистон дарси ватандориву ободкорӣ ва хештаншиносиву худафрӯзиро бо чашми кордонӣ, завқи зебоишиносӣ, ҷаҳоншиносии васеъи сатҳи ҷаҳониро аз мактаби сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯхтем.
Ифтихори мардуми бунёдкору меҳнатдӯст, соҳибтамаддуну фарҳангофарини тоҷик, хусусан сохтмончиёни мамлакат аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дастовардҳои барҷастаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардида истодааст.
Сохтмончиёнро ободгарӣ шароити зиндагии халқ меноманд. Дар ҳақиқат ягон соҳаи ҳаёти халқ ва иқтисодиёт бе сохтмон тараққӣ намеёбад.
Бинобар ин, сохтмон соҳаи бисёр муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо донишу таҷриба, балки қобилияту фидокориро талаб мекунад.
Рушди босуръати соҳаи сохтмони мамлакат ба зиёдшавии миқдори корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи нави бинокорӣ ва истифодаи технологияҳои муосири соҳа дар иншооти миқёсан гуногун боис гардид. Асосгузори ҳамаи азнавсозиҳо, ташаббускорӣ ва илҳомбахши сохтмони иншооти азиму стратегӣ дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа ҳамеша дастгирӣ менамоянд.
Воқеан, мояи ифтихор аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои муосири меъморӣ сохтани иншооту биноҳо ва равшанидиҳии онҳо, бунёди иншооти варзишӣ ва мактабу кӯдакистонҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, шинондани гулу дарахтони ороишӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз, шаҳри Душанбе бо вусъати иҷрои корҳо дар ин самт ба пешравиҳои бесобиқа ноил гардида, бо симои дилписанди худ ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихори ҳар як истиқоматкунандаи пойтахти азизамон табдил ёфтааст.
Нуфузу обрӯи сохтмончиёни кишвар ва касби сохтмончӣ сол ба сол баланд мегардад, зеро аксари офаридаҳои беҳтарину мондагор аз ҷониби соҳибони ҳамин касб ба вуҷуд омадаанд. Шаҳрҳои зебо ва иншооти бузурги меъморӣ - мактабу донишгоҳҳо, беморхонаву истироҳатгоҳҳо, қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг ва варзишгоҳҳо, хонаҳои истиқоматии замонавӣ ва кохҳои дилрабо, меҳмонхонаву китобхонаҳо ва садҳо иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бо дастони пурэъҷози шумо-бинокорон бунёд шудаанд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 9 миллиарду 577 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 115,7%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 81,5%-ро ташкил медиҳад) ба истифода дода шуданд.
Моҳҳои январ-июни соли 2024 фондҳои асосӣ ба маблағи 4 миллиарду 783 миллиону 800 ҳазор сомонӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1,7 баробарро ташкил медиҳад) ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 8 миллиарду 425 миллиону 100 ҳазор сомониро (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 119%) ташкил додааст.
Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 14864 ҷойи нишаст барои хонандагон (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3,6 баробар зиёд шудааст), дармонгоҳ барои 150 кат (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 125% зиёд шудааст) ва муассисаҳои томактабӣ барои 1032 ҷой (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 2 маротиба зиёд шудааст) ба истифода дода шуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯъи соҳаи сохтмон, беҳтар гаштани сифати бунёди иншооти таъиноти гуногун, истифодабарии меъмории миллию замонавӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами давлатҳои дигар, ба тартиб даровардан ва риояи қатъии қоидаҳои шаҳрсозӣ, тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа, пурқувват гардонидани базаи моддию техникии ширкату ташкилоти сохтмонӣ ғамхории пайваста зоҳир намуда истодааст.
Албатта, барои пешрафту тараққиёт ва ободии кишвар пеш аз ҳама суботи устувори сиёсиву иҷтимоӣ зарур аст ва аз мову шумо, сарфи назар аз сатҳи мансаб, касбу кор, инчунин аз ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар, ки дар вуҷуди худ нангу номуси миллӣ дошта, ободии ватани хешро мехоҳад, тақозо мегардад, ки оромиву суботи сиёсии ҷомеаро боло гузошта, ҳамеша барои ҳифзи онҳо азму талош намояд.
Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлоли мо дар роҳи татбиқи чор ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва бо ҳамин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Воқеъан, давлати соҳибистиқлоли мо сол то сол ба пешрафтҳои мунтазами иқтисодӣ ноил шуда, пойдорӣ ва самарабахшии иқтисоди бозориро дар фаъолияти табақаҳои гуногуни ҷомеа собит месозад. Мо бо мақсади таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, пеш аз ҳама, истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани Тоҷикистон ба ҳаллу фасли як қатор тадбирҳои муҳим, аз ҷумла, эҳёи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ, сохтмони пулҳо ва нақбҳои мошингард муяссар гардидем.
Ҳарчанд, ки сию се сол дар муқоиса бо таърихи тӯлонии халқи куҳанбунёдамон фосилаи зиёд нест, вале роҳе, ки мо дар ин марҳалаи кӯтоҳи таърихӣ паймудем ва корҳое, ки бо шарофати истиқлолият ва аз баракати заҳмату фидокории мардуми сарбаландамон ба анҷом расонидем, бемуболиға, ба даҳсолаҳои зиёд баробар мебошад.
Дастовардҳои Тоҷикистон ҳамчунон дар арсаи байналмилалӣ низ назаррас мебошанд. Таҳкими равобити босамару гуногунҷабҳа ва ҳамкориҳои судмани сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гувоҳи равшани татбиқи сиёсати санҷидаи хориҷӣ ва баланд гардидани эътибору манзалати кишварамон дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.
Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дониш, имконоти маънавӣ ва касбии сохтмончиёну меъморон пурра барои беҳбудии халқ ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад.
Бори дигар ҳамаи Шумо – дӯстони азиз, ҳамкасбон, собиқадорони соҳаи сохтмонро табрик гуфта, ба хонадони тоҷику тоҷикистони саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромии ҷовидониро орзу менамоям.
Бо як ҷаҳон таманиёти нек!
Раиси Кумитаи меъморӣ
ва сохтмони назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода