5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд

148
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намудандДар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Зикр гардид, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро ташкил медиҳанд.

Зимнан аз раванди таҳкиму густариши робитаҳои парлумонӣ ва фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноат карда шуд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои мақомоти қонунгузор дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат нақши муҳим доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи муколамаи созандаи байнипарлумониро ба суди кор арзёбӣ намуда, аз Муҳаммад Боқири Қолибоф даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб ташриф биёранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво