7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

244
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои мақомоти судӣ, Прокуратура, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва якчанд мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Номзадии Мирзозода Неъмат Мирзо ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъйин намудан ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ пешниҳод карда шуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Раиси суди шаҳри Хоруғи ВМКБ, Раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, Судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, муовини Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва муовини Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кадрҳои ҷавону соҳибтаҷрибаи соҳа тайъин карда шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзидаю таҷрибадор ба вазифаҳои муовини Вазири маориф ва илм, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Роҳбари Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”, муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”, муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия таъйин гардиданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Маркази миллии қонунгузорӣ, муовини якуми Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои роҳбарикунандаи ин соҳаҳо таъйин карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида ба вазифаҳои сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Мурғоби ВМКБ, Прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғд, прокурорҳои ноҳияҳои Муминобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Сангвору Рӯдакӣ ва сардорони ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин гардиданд.

Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баъзе командирони қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ асосан аз ҳисоби кадрҳои дорои ду ва зиёда таҳсилоти олии ҳарбӣ амалӣ гардид.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба рафтори ношоиста ва ғайриоинномавии раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбат аз вазъи мураккабу зудтағйирёбанда дар минтақа ва ҷаҳон ва афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ёдовар шуда, ҳозирин ва ба василаи онҳо ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муҳофизони Ватанро ба хизмати содиқонаю софдилона, баланд бардоштани донишу маҳорати касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа ва пурзӯр намудани қудрати дифоии давлат ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ҳамеша дар ҷойи аввал гузоштани манфиатҳои миллии Ватан аз ҷумлаи талаботи асосии роҳбарияти давлат аз ҳар як хидматчии давлатӣ ва муҳофизи марзу буми Тоҷикистони азиз аст.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ, Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои роҳбарикунандаи ин соҳаҳо таъин карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида ба вазифаҳои сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Мурғоби ВМКБ, Прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғд, прокурорҳои ноҳияҳои Муминобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Сангвору Рӯдакӣ ва сардорони ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин гардиданд.

Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баъзе командирони қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ асосан аз ҳисоби кадрҳои дорои ду ва зиёда таҳсилоти олии ҳарбӣ амалӣ гардид.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба рафтори ношоиста ва ғайриоинномавии раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбат аз вазъи мураккабу зудтағйирёбанда дар минтақа ва ҷаҳон ва афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ёдовар шуда, ҳозирин ва ба василаи онҳо ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муҳофизони Ватанро ба хизмати содиқонаю софдилона, баланд бардоштани донишу маҳорати касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа ва пурзӯр намудани қудрати дифоии давлат ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ҳамеша дар ҷойи аввал гузоштани манфиатҳои миллии Ватан аз ҷумлаи талаботи асосии роҳбарияти давлат аз ҳар як хидматчии давлатӣ ва муҳофизи марзу буми Тоҷикистони азиз аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво