ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024 ДОИР ГАРДИД
676
Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2024 санаи 10 июли соли 2024 ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо иштироки аъзоёни ҳайати мушовараи Кумита - муовини якум ва муовинони Раиси Кумита, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита, сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳамзамон намояндагони муассисаву ташкилотҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, роҳбарон ва кормандони зерташкилотҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи якуми соли 2024 ва дар бораи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар фаъолияти сохтмон ва меъморӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Нахуст ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти раёсату шӯъбаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои зерсохтори Кумита дар нимсолаи якуми соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои фаъолияти семоҳаи сеюми соли 2024 дар назди онҳо дар самтҳои дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, саноатикунонии босуръати кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир, инноватсия, истифодаи масолеҳи баландсифат дар сохтмон, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳо, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ, дар фаъолияти корӣ татбиқ намудани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, ҷорӣ намудани низоми электронӣ, андешедани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳа ва ғайра вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Сипас дар бораи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар фаъолияти сохтмон ва меъморӣ маърузаи муовини якуми раиси Кумита шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки Бо мақсади рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партофтҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №482 Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 тасдиқ гардид. Ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «Сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, фармоиши раиси Кумита аз 29 марти соли 2024, №40/ф «Дар бораи истифодабарии системаҳои барқии офтобӣ дар бино ва иншоот» ба тасвиб расид. Дар кишвар ҳангоми гузариш ба принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон тавассути такмил додани дастурҳои техникӣ дар вобастагӣ ба сарфаи энергия ҳангоми истифодаи таҷҳизоти электрикӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ, шабакаҳои гармидиҳӣ ва ҳифзи гармии биноҳо бо риояи стандартҳо (меъёрҳо)-и муосири гарминигоҳдории бино роҳандозӣ мегардад. Дар интиҳои ҷаласа ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳри Хоруғ, шаҳри Роғун ва ноҳияи Балҷувон барои нишон додани ташаббус доир ба таҳия ва таъмини лоиҳаи муфассали банақшагирӣ ҷиҳати татбиқи Нақшаи генералии маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо «Сипоснома»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷом аз натиҷаи баргузории ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор барои иҷро қабул гардиданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |