6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи зиёда аз 32-соли истиқлолияти давлатӣ

672
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи зиёда аз 32-соли истиқлолияти давлатӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи зиёда аз 32-соли истиқлолияти давлатӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи зиёда аз 32-соли истиқлолияти давлатӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи зиёда аз 32-соли истиқлолияти давлатӣҶумҳурии Тоҷикистон тайи зиёда аз 32-соли истиқлолияти давлатии худ тавонист муҳитеро баҳри зиндагии осоиштаи шаҳрвандон фароҳам оварад, ки дар заминаи он рушди босуботи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар таъмин гардад.
Маҳз бо меҳнату заҳматҳои пайвастаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Милли-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳидоятҳои Пешвои хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ тавонистанд ба ин гуна комёбиҳо ноил гарданд.
Тамоми стратегияву барномаҳое, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи рушди соҳаҳои мухталифи кишвар таҳия менамояд дар он арзишҳои таърихию фарҳангӣ, эҳё намудани осори гаронмояи ниёгонамон барои таҷассум намудани арзишҳои воқеии миллӣ ва инъикоси он дар сатҳи байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст.
Имрӯз ҷаҳони муосир ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гардидааст ва тамоми кишварҳои олам лоиҳаҳои нави инфрасохтории нақлиёту комуникатсия, меъмориву сохтмон ва саноатиро вобаста ба шаҳарсозии муосир таҳия менамоянд. Кишвари мо, ки дар як муддати кутоҳ ба яке аз кишварҳои рушдёбандаи ҷаҳон табдил ёфтааст ба хотири ҳамқадам будани бо ҷаҳони муосир лоиҳаҳои азими бунёдӣ дар соҳаҳои гуногунро амалӣ намуда истодааст.
Танҳо дар 30 соли соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар беш аз 24 000 иншооти инфрасохторӣ сохта ба истифода дода шуд, ки барои пешрафту тараққиёт нақши бориз гузошт.
Ба ҳамин васила ба хотири шоиста пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои боло бурдани мавқеи сиёсии Тоқикистон дар арсаи ҷаҳон аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоиҷикистон тибқи стратегияҳои пешбинигардидаи давлату ҳукумат як қатор лоиҳаҳо тартиб дода шуда, барои амалишавии он тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст.
Бояд зикр намуд ки, дар ин замина Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст, ки мақсади он амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳити мусоид барои зиндагӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва истеҳсолӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва мақсадҳои дарозмуддати соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Стратегияи мазкур сиёсати давлатиро дар соҳаи шаҳрсозӣ, меъморӣ, сохтмон, ва ободонии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими медарорад.
Соҳаи сохтмон ба соҳаҳои калидӣ мансуб буда, дар бисёр маврид ҳалли вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва техникии тамоми иқтисодиёти кишварро муайян менамояд.
Имрӯз, ки дар ҷаҳон зиёдшавии аҳоли сабабгори зиёд гардидани талабот ба манзили истиқоматӣ, маводи озуқа ва ҷойи кори доимӣ гардидааст, дар ин замина аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барномаҳо барои таъминоти аҳолӣ таҳррезӣ гардида истодааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ зикр намудаанд, ки "То соли 2050 шумораи аҳолии ҷаҳон эҳтимоли расидан то 9 миллиард нафарро дорад ва шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад эҳтимол дорад то соли 2050 ба 15 миллион нафар баробар гардад. Аз ин рӯ бояд баҳри таъмини зиндагии шоистаи аҳолии кишвар аз ҳоло қадамҳои устувор гузошта шавад".
Дар робита ба ин Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои зерсохтори он тибқи як қатор стратегияву барномаҳо барои расидан ба ҳадафҳои пешбинигардида талош менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз соҳаи шаҳрсозӣ аз лиҳози таъминотӣ на танҳо ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, балки бо афзун гардидани шумораи аҳолӣ ҷиҳати сохта ва ба истифода додани лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ равона гардидааст.
Имрӯз чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Баромадан аз бунбасти комукатсионӣ”, “Таъмини амнияти озуқаворӣ”, “Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ” ва “Саноатикунонӣ бо суръати кишвар” бозгӯи фароҳамсозии фазои зиндагии шоистаи мардум аст.
Талабот ба роҳу нақлиёт, нуқтаҳои парвози ҳавапаймо, роҳи оҳан, корхонаҳои азими саноатӣ, иншоотҳои маиши маъмурӣ, боғҳо, манзилҳои истиқоматӣ, минтақаҳои сайёҳӣ ва дигар бахшҳо барои шаҳрсозии муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ василаи рушди бомароми ҳар як кишвар мебошад, ки кишвари мо дар ин асно тамоми барномҳоро таҳррезӣ намуда, умед дорем, ки дар ояндаи наздик ба яке аз кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон табдил меёбад.
Дар ҷаҳони муосире, ки мо ҳоло зиндагӣ дорем вазифаи сохтмончиён на танҳо лоиҳакашии намуди зоҳирии бино ва иншоотҳои гуногун мебошад, балки аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ тарҳи сохти дохилии он бояд аз ҳамагуна шароити зарурӣ бархурдор бошад.
Инчунин сифати мустаҳкамии бино дар мадди аввал буда, аз рӯи бехатарии экологӣ лоиҳаҳои муосир дар ин замина бояд таҳррезӣ шавад, ки хушбахтона имрӯз лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ниҳодҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ба ин талабот ҷавобгӯ ҳастанд ва барои натиҷаи заруриро ба даст овардан аз назорати қатъии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Раёсати экпертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, гузашта барои шуруъ кардани иншоотҳои пешбинигардида иҷозат дода мешаванд.
Ба хотири шоиста пешвоз гирифтани 35-солагии Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагуна кӯшишу талошҳо ба он равона гардидаанд, ки кишвари мо дар арсаи ҷаҳон чун кишвари сулҳдусту тамаддунофар муаррифӣ гардад ва баҳри созандагӣ ва пешрафту тараққиёти мамлакат стратегияҳои мушаххас дар ин замина амал менамоянд.
Тарҳу лоиҳаҳои бунёдшаванда дар замони имрӯза инъикосгари рушди иқтисодии ҳар як кишвар гардидааст ва дар марҳилаи кунуни равандҳои шаҳрсозӣ марҳилаи рушду тараққиёти ҳар ҷамъиятро нишон медиҳад.
Дар ҷаҳон имрӯза шаклҳои нави мавқеъсозии сиёсӣ ба вуҷуд омадааст, ки давлатҳо ба хотири рушди фарҳангу сиёсатҳои худ аз равишҳои шаҳрсозии муосир истифода мебаранд. Аз ҳамин хотир аст, ки дар ҷаҳон санъати нави дунёсозӣ ба вуҷуд омадаасту дар ин раванди ҷаҳонишавӣ мавқеъсозӣ дар баробари шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон ва мавқеи сиёсӣ бунёд кардан яке аз талаботи сиёсати имрӯзаи ҷаҳон гардидааст.
Мавқеъсозии давалату ҳукамати кишвари мо дар арсаи ҷаҳон аз лиҳози шаҳрсозиву тамаддунофарӣ боиси фараҳмандии ҳар як сокини мамлакат буда, имрӯз пойтахти Тоиҷикистон шаҳри Душанбе ва тамоми шаҳру ноҳияҳо мамлакат бо як суръати баланд рушд карда, дар як муддати кӯтоҳ ояндаи дурахшоне Тоҷикистонро интизор аст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво