5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

159
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону ЧинБаррасии масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

“Мо дар шахсияти Шумо, ҷаноби Раис, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди мардуми худро мебинем. Дидори ҳамсояҳои нек ва дӯстони дерина барои мо ҳамеша рӯйдоди бузургу хурсандиовар аст” — иброз доштанд дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз афзоиши бемайлони ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо, ки бо суръати баланд идома дорад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, баррасӣ шуд.

Афзоиши минбаъдаи сармоягузории Чин дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, бахши кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисод ва зеҳни сунъӣ амри зарурӣ дониста шуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкорӣ миёни бародаршаҳрҳо ва минтақаҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок амал мекунад.

Бумисозии истеҳсоли “технологияҳои сабз”, хусусан, мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои барқии ҳушманд аз самтҳои дигар ва ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, бахшҳои тандурустӣ, дорусозӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва дигар арсаҳои ҳамкорӣ табодули андеша намуданд.

Пешниҳод гардид, ки Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин гузаронида шаванд.

Дар рафти мулоқот ҳамкории сатҳи баланди кишварҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, хусусан, Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи кори муштарак оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, зуҳуроти тундгароии динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин, дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ омодагии худро изҳор доштанд.

Бояд гуфт, ки тайи бист соли охир Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи глобалии обу иқлим ба таври фаъол ва пайваста иштирок менамояд.

Дар ин зимн ба ҷониби Чин барои пуштибонии пайвастаи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об изҳори сипос карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтарам Си Ҷинпин будубоши бофароғат дар сарзамини Тоҷикистон орзу намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво