Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид
621
11 июн Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баъд аз шиносоӣ бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба сохтмони он баҳои баланд дод. Бояд гуфт, ки қаблан аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби маблағҳои Бонки исломии рушд баҳри сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дархост гардида буд, ки он аз ҷониби ин бонк дастгирӣ ёфт. Дар ҳошияи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Созишнома оид ба татбиқи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба маблағи 150 миллион доллар ба имзо расонида шуд. Ёдовар мешавем, ки 10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро ба ҳузур пазируфтанд. АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |