5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намояндаи парлумони Узбекистон: «Аз тағйирёбии иқлим занон бештар аз дигарон азият мекашанд»

61
Авҷ гирифтани муноқиша ва мухолифатҳо, тағйирёбии иқлим, кам шудани захираҳои об ва дигар бойигариҳои табиӣ инсониятро ба вазъи мураккаб рӯ ба рӯ кардааст. Аз ин мушкилот занон бештар аз дигарон азият мекашанд. Бинобар ҳамин ҳалли ин мушкилот бе ҳузури занон ғайриимкон аст. Чунин иброз дошт Раиси кумитаи парлумони Ҷумҳурии Узбекистон оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ Малика Қодирхонова зимни баргузории Форуми байналмилалии «Занон ва об», ки дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 10 июн дар Кохи Наврӯз баргузор гардид.

Номбурда изҳор дошт, ки «ҷомеаи ҷаҳонӣ кайҳо эътироф кардааст, ки дар идораи захираҳои обӣ, аз ҷумла об барои таъминоти хоҷагии деҳот, дастрасии баробар ба захираҳои обӣ ва назорат ба он занон бояд дар баробари мардон ҷалб карда шаванд. Санади сиёсӣ ва Рӯзномаи амал барои асри ХХI, ки зимни Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд моҳи июни соли 1992 дар Рио-де-Жанейро қабул шудааст, таъкид мекунад, ки занон дар истифодаи оқилонаи муҳити зист нақши ҳаётан муҳим доранд. Зарур аст, ки иштироки баробарарзиши онҳо дар қабули қарорҳо оид ба идораи захираҳои об, кам кардани сарбории занон ва духтарон таъмин карда шавад. Уҳдадориҳои гирифта тадриҷан дастрасии осон ва бехатарро ба оби нӯшокӣ барои ҳама муҳайё мекунанд».

— Ин дар навбати худ баҳри решакан кардани камбизоатӣ, васеъ кардани ҳуқуқ ва имконияти занон ва ҳифзи тандурустии одамон мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз мебояд самаранокии сохтори идораи маҷмуии захираҳои об дар ҳама сатҳҳо ба қадри зарурӣ баланд бардошта шавад, — таъкид кард Малика Қодирхонова.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво