20 июн 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле: «Мо ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу пиряхҳо баҳои баланд медиҳем»

21
Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле: «Мо ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу пиряхҳо баҳои баланд медиҳем» 10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азулеро ба ҳузур пазируфтанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Одри Азуле пас аз мулоқот барои гурӯҳи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти хабарӣ орост.

Дар оғоз ӯ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давъват ва мулоқот изҳори сипос намуд.

Зимни мулоқот оид ба муҳтавои ғании муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО, бахусус дар бахшҳои илму фарҳанг таъкид гардид.

«Ман уҳдадориҳо ва ташаббусҳои неки Тоҷикистонро дар соҳаи обу пиряхҳо, аз ҷумла баргузории Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро дар шаҳри Душанбе истиқбол намуда, ба онҳо баҳои баланд медиҳам», — тазаккур дод Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле.

Ба таъкиди ӯ, дар мулоқот инчунин лоиҳаи ЮНЕСКО дар бораи «Коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯи хатари обшавии пиряхҳо», ки метавонад ба аҳолӣ таъсири манфӣ расонад, баррасӣ гардид.

«Мо яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро дар соҳаи ҳифзи мероси бойи табиӣ ва фарҳангӣ муҳокима намудем. Мо бо вазирони фарҳанг ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба ворид намудани номинаҳои нави ҷониби Тоҷикистон ба феҳрести мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО суҳбат намудем», — гуфт дар анҷом Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле.

Ёдовар мешавем, ки Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ба Душанбе ташриф овардааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво